Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тарафдорони Мусавӣ дар Теҳрон


Ҳазорон нафар дар кӯчаҳои Теҳрон, пойтахти Эрон, алайҳи натоиҷи эълоншудаи интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ раҳпаймоии эътирозӣ барпо карданд.

Бино ба хабарҳо, байни тазоҳургарон ва нирӯҳои пулис даргириҳо низ рух дода, чандин нафар боздошт шудаанд.

Тазоҳурот дар ҳоле ба амал меояд, ки раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии аз мардум даъват кардааст, аз раисиҷумҳури интихобшуда пуштибонӣ кунанд.

Эътирозҳо дар Теҳрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00


Бар асоси натоиҷи расмӣ, дар интихоботи рӯзи 12 июн Маҳмуди Аҳмадинажод бо касби 62,6 дарсади оро баранда шудааст.

Аммо Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб, ки бар асоси натоиҷи нашршуда, ба 33,7 дарсади оро даст ёфтааст, ба тақаллуби фаровон дар ҷараёни интихобот эътироз карда, гуфтаааст, ки натоиҷи ин, ба гуфтаи ӯ, “шӯъбадабозии хатарнок”-ро эътироф намекунад.

Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе вазъ дар Теҳрон, пойтахти Эрон буғранҷ буда, давру бари таъсисоти давлатиро дар пойтахт нирӯҳои пулис печонидаанд.

Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, нирӯҳои пулис дар майдони Ванак дар маркази Теҳрон бо гурӯҳе аз тарафдорони Мирҳусайн Мӯсавӣ вориди даргирӣ шудаанд.

Пулис гуфта, ки имрӯз ба ягон навъ тазоҳурот иҷозат нахоҳад дод.Телевизиони давлатии Эрон рӯзи шанбе фақат натоиҷи шумориши ороро эълон кард, вале аз баёнияи Мӯсавӣ, ки ин натоиҷро ба чолиш мекашад, комилан дам фурӯ баст.
XS
SM
MD
LG