Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз куштори Бен Лоден чӣ хоҳад шуд?


Дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ба куштори Усома Бен Лоден вокуниш нишон медиҳанд. Худойбердӣ Холиқназаров-корманди аршади пажуҳишгоҳи стротегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт:

“Тундгароӣ ва терроризм шояд, ки авҷ гирад. Яъне қасосгирӣ шурӯъ мешавад. Фикр мекунам, ки давлатҳои минтақа бояд хеле ҳушёр бошанд. Мувозиб бошанд, ки ҳамин гурӯҳҳое, ки рабте дошта бошанд бо Ал-Қоида ва гурӯҳҳои ифротгари дигар ҳатман ба тундгарӣ даст хоҳанд зад”.

Ҳикматулло Сайфуллозода-раиси маркази таҳлилии «Диалог» дар Душанбе мегӯяд, бо кушта шудани Бен Лоден ва маҳви Мулло Абдулло дар шарқи Тоҷикистон, кушта шудани Тоҳир Юлдошев дар Вазиристони Покистон намешавад гуфт, ки ҳалқаҳои террористӣ аз байн бурда шудаанд. Ба назари вай, Бен Лоден аз байн бурда шудааст вале Ал-Қоида побарҷост.
XS
SM
MD
LG