Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ дар қатлҳои ахир сиёсатмадоронро айбдор кард


Нурӣ Моликӣ
Нурӣ Моликӣ
Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод гуфт, дар паси силсилаи ахири қатлҳои мақомоти аршади мулкиву низомӣ сиёсатмадорони ироқӣ истодаанд. Моликӣ аз касе ном набурд, вале гуфт, дар ин силсилаи қатлҳо аҳзоби сиёсӣ ва маъмурони амниятӣ даст доштанд. Ӯ афзуд: «Ин яқинан кори Ал-Қоида аст, вале қатлҳои сиёсӣ низ рух доданд.» Тайи чанд рӯзи охир дар Бағдод 3 мақоми аршади Ироқ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG