Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти сафорати Амрико дар Қирғизистон


Сафорати ИМА дар Қирғизистон зимни як изҳорот, ки имрӯз, 4-уми феврал, пахш шуда, иброз доштааст, ки «музокироти мо бо мақомоти Қирғизистон дар бораи пойгоҳи низомӣ дар фурӯдгоҳи «Манас» идома дорад.»
Дар изҳороти сафорати ИМА омадааст, ки дар ҳоли ҳозир огоҳиномаи расмии Қирғизистон дар бораи бастани пойгоҳи низомӣ пешкаш нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Қирғизистон ҳини дидор аз Маскав эълон кард, ки кишвараш дигар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷоза намедиҳад, аз пойгоҳи ҳарбии "Манас" истифода кунад.

XS
SM
MD
LG