Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози канадоӣ дар Афғонистон кушта шуд


Мақомоти низомии Канада мегӯянд, бар асари як инфиҷор дар ҷануби Афғонистон як сарбози ин кишвар кушта ва сеи дигар захмӣ шуданд. Мақомот мегӯянд, бамби рӯироҳ рӯзи чоршанбе дар ҳошияи Қандаҳор дар роҳи гузари як зиреҳпӯши ҳомили сарбозони канадоӣ мунфаҷир шуд. Шумори сарбозони канадоии тайи 7 сол дар Афғонистон кушташуда акнун ба 107 нафар расид. Канада дар он кишвар ҳудуди 2700 сарбоз дорад, ки асосан таҳти фармони паймони низомии НАТО дар вилояти Қандаҳор, як пойгоҳи умдаи ҷангиёни толиб, меҷанганд.
XS
SM
MD
LG