Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ вориди Кобул шуд


Раиси ҷумҳурии Покистон Осиф Алии Зардорӣ бо қасди анҷоми як сафари расмии худ вориди пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул шуд. Зардорӣ ният дорад бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай роҳҳои хатми хушунатҳо ва мубориза бо тундгароиро дар марзи Покистону Афғонистон баррасӣ кунад. Дар гузашта Карзай борҳо Покистонро дар беамалӣ дар муқобили Толибон ва Ал-Қоида, ки замоне дар қаламрави Покистон сангар гирифта ҷангиёнашонро ба Афғонистон сафарбар мекарданд, муттаҳам кардааст. Зардорӣ мебоист моҳи гузашта аз Кобул дидан мекард, вале бо далели номусоидии ҳаво сафари вай мутаваққиф шуд.
XS
SM
MD
LG