Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба кафили сафири Русия дар кишвар Вячеслав Светличний дар робита ба куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон дар канори шаҳраки Жабкинои вилояти Маскав нотаи эътирозӣ ироа кард ва дар он хостори боздошт ва муҷозоти қотилон шуд. Дар изҳороти ахири вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта шудааст, ки раванди таҳаммулнопазирии афроди ҷиноятпеша нисбати муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни тоҷик торафт афзоиш ёфта шадидтар мешавад ва бисёр вақт боиси ҳалокати тоҷикон мегардад.
Масъулияти куштори шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Азизовро гурӯҳи “Созмони низомии миллатгароҳои рус” бар дӯш гирифтааст. Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш фашистҳои рус сари ӯро бурида ба қуттии ахлот андохтаанд. Дар изҳороти идораи сиёсати берунаи Тоҷикистон гуфта шудааст, ки “ҷиноят алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон боиси қаҳру ғазаб, танаффур ва вокуниши манфӣ мегардад ва аммо дар ҳамин ҳол ниҳодҳои масъули ҳифзи тартиботи Русия, мақомоти масъули ин кишвар дар вокуниш ба афзоиши ҷиноят алайҳи тоҷикон дар пояи миллатгароӣ ва адовати қавмӣ коҳилӣ мекунанд”.
Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, соли равон дар қаламрави Русия бар пояи адовати қавмӣ 80 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.