Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиребгарон ҷарима ва ба додгоҳ кашида шуданд


Шабе, ки гузашт, ахирин муҳоҷири кории тоҷик, аз ҷумлаи тақрибан 300 нафар муҳоҷирони кории эътрозгар дар Екатеринбурги Русия, дастмузди худро гирифт. Ба ин тартиб, буҳрони дастмузд барои ин муҳоҷирон ба поён расид. Дар ин бора Фаррух Мирзоев-раиси ҷамъиятъи "Сомон"-и тоҷикони Екатеринбург ба радиои Озодӣ хабар дод. Вале кор танҳо бо пардохти дастмузди муҳоҷирон поён наёфт, балки яке аз ҷонибҳои кордиҳанда ба маблағи 30 000 рубли русӣ ҷарима шуд ва барои расдагӣ ба ин қазия бар зидди ширкатҳои кордиҳанда, яъне ширкатҳои сохтмонии "СКА" ва "Алфа-Строй" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бори нахуст муҳоҷирони кории тоҷик дар иттиҳод бо муҳоҷирони кории кишварҳои дигар тавонистанд, дар Русия аз ҳақи қонунии худ дифоъ кунанд. Оқои Мирзоев ҳамчунин гуфт, дар ин кор аҳолии шаҳри Екатеринбург ақидатан аз муҳоҷирони корӣ дифоъ мекарданд, зеро шуморе аз онҳо низ фиреби чунин ширкатҳои сохтмонӣ ва найранги кордиҳандагони пулпарастро дидаанд. Муттаасифона, ҳоло ҳам дар ширкатҳои дигари Екатеринбург муҳоҷирони зиёде ҳастанд, ки дар ин эътироз ширкат надоштанд ва дастмузди чандмоҳаи худро нагирифтаанд. Фаррух Мирзоев гуфт, ки баъд аз ин пирузӣ муҳоҷирони кории тоҷик дигар он руҳияи хидматгориро надоранд ва эҳсос кардаанд, ки агар ҳақталабӣ кунанд, комёб мешаванд. Ҳоло эътибори онҳо дар назди аҳолии маҳаллӣ низ боло рафтааст. Ба гуфтаи Мирзоев, ҷамъияти "Сомон" ба кори муҳоҷирони дигар низ расидагӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG