Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ аз НАТО як паёми рӯшан хостааст


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гуфт, паймони низомии НАТО бояд паёми рӯшан бидиҳад, ки Тифлис дар роҳи пайвастан ба ин созмон қарор дорад ё хайр. Саакашвилӣ гуфт, дудилагӣ ва ихтилофи назари байни аъзои НАТО дар ин масъала Гурҷистонро дар ҷанги моҳи августаш бо Русия дар як ҳоли осебпазире гузошт. НАТО тааҳҳуд супурдааст, ки Гурҷистон дар ниҳоят ба узвияти ин паймон хоҳад пайваст, вале дар нишасти моҳи апрел дар Бухарест аз шомил кардани Тифлис ба барномаи номзадӣ ба узвияти НАТО худдорӣ варзид. Ҷанги Гурҷистон бо Русия боис шуда, ки баъзе кишварҳои узви НАТО рӯи ба таъхир андохтани узвияти Гурҷистон дар ин паймон биандешанд.
XS
SM
MD
LG