Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳзанҳои баҳрӣ 35 миллион доллар талаб кардаанд


Normal 0

Мақомоти дарёии Кения мегӯянд, раҳзанҳои баҳрие, киштии ҳомили тонкҳои Украинаро рӯзи панҷшанбе дар соҳилҳои Сомалӣ рабудаанд, дар ивази раҳоии киштӣ 35 миллион доллар талаб мекунанд. Вазорати дифоъи Украина таъйид кард, ки ин киштӣ ба Кения 33 тонк ва таҷҳизоти низомӣ мебурд.

Аз 21 маллоҳони киштӣ 17 нафар украинаӣ, яке латвонӣ ва се нафар атбоъи Русия будаанд. Русия мегӯяд, як киштии низомиашро ба он минтақа фиристодааст.

Раҳзанҳо танҳо дар соли равон дар обҳои Сомалӣ беш аз 30 киштиро рабуда, дар аксари маворид дар ивази раҳоии онҳо пул талаб кардаанд.


XS
SM
MD
LG