Муҳаммад Ал-Барадей, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ бори дигар эълом дошт, ки Теҳрон ба нозирони таслиҳотӣ барои тафтиши муассисаҳои ҳастаии кишвар монеъа эҷод мекунад. Зимни суханронӣ дар нишасти раҳбарияти Оҷонс дар Вена Муҳаммад Ал-Барадеӣ аз Эрон даъват кард, ки дар бораи тарҳи тавлиди мушакҳо ва маводи таркандаи неруманд иттилоъи бештар диҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин иттилоъ барои муқаррар кардани вазъи феълии барномаи ҳастаии Эрон зарур аст.
Рӯзи якшанбе вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи имкони маҳдуд кардани ҳамкорӣ бо Оҷонси байнулмилали нерӯи ҳастаӣ изҳорот пахш карда буд.