Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё аз Сербистон даъват карданд, ки истиқлоли Косоворо эътироф кунад ва аз талошҳои дубора ба ҳайати кишвар баргардонидани ин минтақа даст бардорад.
Дар навбати худ вазири хориҷаи Сербистон Вук Еремич зимни суханронӣ дар нишасти вижаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид аз кишварҳои истиқлоли Косоворо пазируфта даъват кард, ки тасмими худро таҷдиди назар кунанд. Ҳамзамон ӯ иброз дошт, Сербистон манфиатдор аст, ки ҳама қавмҳои муқими Косово дар фазои сулҳу амният ва умеду бахшиш ба сар баранд ва аз ин рӯ Белград алайҳи Приштина ягон хел таҳрим эълон нахоҳад кард ва барои баргардонидани минтақа аз нерӯ ҳам истифода нахоҳад бурд.