Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров дар зиндон даргузашт


Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон
Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон

Азимҷон Аскаров, фаъоли ҳуқуқи башар аз Қирғизистон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар зиндон фавтид.

Ӯро дар ташкили беназмиҳо дар ҳодисаҳои моҳи июн дар Қирғизистон айбдор карда буданд. Қаблан созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз Қирғизистон озодии Аскаровро талаб карданд.

Хабари фавти ҳомии ҳуқуқро рӯзи 25-уми июл Толқон Исмоилов, раҳбари созмони ҳуқуқии “Бир дунё Қирғизистон” ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон, Токон Мамитов тасдиқ карданд. Токон Мамитов мегӯяд, “мо маълумоти иловагиро аз мақомоти муассисаҳои ислоҳотӣ дастрас мекунем. Ҳоло мо интизори натиҷаи ташхиси тиббӣ дар бораи сабабҳои марги Аскаров ҳастем”.

ГСИН ё Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон, ҳанӯз хабари марги ҳомии ҳуқуқро тасдиқ накардааст.

Азимҷон Аскаров, ки дар муассисаи ислоҳии №19 адои ҷазо мекард, рӯзи 24 июл бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бинои тиббии муассиса интиқол ёфтааст. Толқон Исмоилов, раҳбари як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, дар ин қисмати зиндон, маҳбусон муоина ва муолиҷа мешаванд.

Қаблан Валерян Ваҳитов, вакили дифои Аскаров, хабар дода буд, ки зерҳимояаш шадидан бемор аст. Даниил Кислов, муассиси нашрияи “Фарғона” ҳам аз ҳомиёни ҳуқуқ даъват карда буд, ки аз президенти кишвар ва мақомоти муассисаҳои ислоҳотӣ раҳоии ӯро талаб кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, 22 июл, вакили дифои Азимҷон Аскаров, бо ӯ дар зиндон мулоқот кардаву аз вазъи бади сиҳатии Аскаров хабар дода буд. Ба гуфтаи Валерян Ваҳитов, Азимҷон Аскаров, мустақилона роҳ рафта наметавонист ва ӯро нигаҳбонҳои зиндон ба назди вакилаш оварданд. Зимни мулоқот ба гуфтаи вакили дифоъ, зерҳимояаш месулфид ва тавони сӯҳбат кардан надошт.

Рӯзи 21 июл, намояндагони идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба аёдати Азимҷон Аскаров рафтанд. Онҳо ҳам гуфтанд, ки ҳомии ҳуқуқ таби баланд дошт.

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Додгоҳӣ олӣ ҳам 13 майи соли 2020 ин қарорро бетағйир монд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ соли 2016 дар хулосаҳои худ оид ба қазияи Аскаров гуфт, ки ӯ дар зиндон шиканҷа ва аз ҳуқуқи дастраси ба кӯмаки тиббӣ ва адолати судӣ маҳрум шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳомиёни ҳуқуқ моҳи феврали соли ҷорӣ аз риоя нашудани қарори СММ аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи Бишкек шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG