Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров ба мақомот аз дохили зиндон


Фаъоли ҳуқуқи башар Азимҷон Аскаров, ки ба зиндони абад маҳкум шудааст, ба унвонии раҳбарияти Қирғизистон, сохторҳои ҳифзи қонун ва Додгоҳи олӣ муроҷиат кард. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 19 феврал навишт, ки дар ин номааш Аскаров мегӯяд, ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон парвандаи ӯро «баёнгари нотавонии мақомот» арзёбӣ мекунанд. Дар номаии бози Аскаров гуфта мешавад, «барои ҳеҷ кас пинҳон нест, ки ҷараёни таҳқиқи парвандаи ман як сохтакорӣ буд ва ба манфиати кормандони милисаи ноҳиявӣ таҳия шуд». Маълум нест, ки муроҷиати Аскаров кай навишта ва ба мақомот ирсол шудааст.

Аскаров дар ин муроҷиаташ гуфтааст, ки далели гунаҳгор будани ӯ «несту набуд». Инчунин ӯ ба нақзи қонун дар ҷараёни боздошт ва таҳқиқи парвандааш ишора карда гуфтааст, ки шиканҷа шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ба ҷараёни таҳқиқи парвандааш раҳбарияти собиқи ин кишвар дахолат мекард. Дар қисми ниҳоии муроҷиати Аскаров, ки аз 10 саҳифа иборат мебошад, таъкид шудааст: «Мехоҳам бигӯям, ки мардуми Қирғизистон бояд донад, ки виҷдони ман дар пеши Худову мардум ва қонун пок аст».

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як фаъоли ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Он замон созмони Amnesty International гуфт, ки “мақомоти Қирғизистон бори дигар нисбат ба ҳуқуқи бунёдии инсон хунукназарӣ зоҳир карданд”.

Қарор аст 25 феврал Додгоҳи олии Қирғизистон бар асоси далелҳои тоза ошкоршуда дар қазияи Аскаров бозбинии парвандаи ӯро шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG