Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати ҳамсари Азимҷон Аскаров ба Ҷеенбеков


Азимҷон Аскаров.
Азимҷон Аскаров.

Хадича Аскарова, ҳамсари маҳбуси якумрӣ Азимҷон Аскаров ба президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков муроҷиат кард.

Дар номаи Хадича Аскарова омадааст, ки шавҳари вай ва дигар зиндониёни ҳаводиси моҳи июни соли 2010 дар низоми сахт адои ҳукм мекунанд, дар ҳоле, ки бино бар қарори додгоҳ, низоми сахт бояд 5 сол давом мекард.

Вай мегӯяд, аз моҳи январ Азимҷон Аскаровро бояд ба низоми одии адои ҷазо интиқол медоданд, аммо то кунун ин корро накардаанд.

"Шавҳари ман аз дарди устухонҳо ранҷ мебарад ва ҳеҷ доруе ба вай кумак намекунад. Ман ӯро бо доруҳои таскиндиҳанда таъмин мекунам, вай мустақилона бо бемориаш мубориза мебарад",-омадааст дар нома.

Хадича Аскарова афзудааст, ки шавҳари вай ғайриқонунӣ зиндонӣ шуда ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ озодии Аскаровро талаб кардааст. Биноан, Аскарова аз президент хостааст, ки додгоҳро ба иҷрои авлавияти қонун даъват кунад.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро моҳи феврали соли ҷорӣ ба бозбинии дубора гирифт. Дар ин бора вакили дифоъ Валерян Вахитов хабар дода буд.

"Мо аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Чуй аз 29-уми январи соли 2017 шикоят кардаем. Додгоҳи Чуй баъди баррасии ҳолатҳои ошкоршуда ҳукми додгоҳи ноҳияи Бозорқурғонро бетағйир гузошт",-афзуд ӯ.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30-юми июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

XS
SM
MD
LG