Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон ҳукми абади ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаровро бетағйир гузошт


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Додгоҳии олии Қирғизистон рӯзи 13-уми май шикояти ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро баррасӣ кард. Ҳайати мунсифаи додгоҳӣ ҳукми ҳабси абади Аскаровро бетағйир боқӣ гузошт.

Ҷаласаи додгоҳӣ бе ҳузури расонаҳо баргузор шуд. Рӯзноманигорон ҷараёни додгоҳро тавассути монитор назорат карданд.

Моҳи феврали соли равон маълум шуд, ки Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Аскаровро бар асоси далелҳои нав бозбинӣ мекунад. Додситон 25-уми феврал аз додрас хост, барои шиносоӣ бо шикояти вакилони дифоъ барои ӯ вақт диҳад. Додрас низ дархости додситонро қонеъ кард. Вакили дифои Аскаров - Валерян Вахитов он замон гуфта буд, ки додгоҳ "расман ҳақ аст".

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30-юми июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

XS
SM
MD
LG