Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаласаи шӯрои СММ пешниҳоди озодии Азимҷон Аскаров садо дод


Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи инсон ҳисобот дод ва аз аъзои дигари СММ пешниҳод гирифт.

Намояндаи Ирландия аз Қирғизистон хост, ки ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро озод кунад. Аскаров бо айби ташкили бетартибиҳо ва иштирок дар куштори корманди милиса дар соли 2010 ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Дар ҷараёни ҷаласаи дар Шӯрои СММ ҳамчунин кишварҳои дигар аз Қирғизистон хостанд, ки фаъолияташро дар бахшҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодиҳои динӣ, озодии баён, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон беҳбуд бахшад.

Ҳайати Қирғизистонро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Нуран Ниёзалиев роҳбарӣ кард. Вай гуфт, ки дигарандешӣ ва озодии баён, ки солҳои охир Қирғизистон ба он даст ёфтааст - аз вижагиҳо ва ифтихороти Қирғизистон ҳастанд.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30 июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

XS
SM
MD
LG