Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон шикояти Аскаровро баррасӣ мекунад


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Интизор меравад, Додгоҳи олии Қирғизистон 13 май шикояти ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро баррасӣ кунад.

Созмони ҷамъиятии "Бир дунё – Қирғизистон" ахиран хабар дод, ки мурофиа қарор аст, соати 14:00 оғоз шавад.

Моҳи феврали соли равон маълум шуд, ки Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Аскаровро бар асоси далелҳои нав бозбинӣ мекунад. Додситон 25 феврал аз додрас хост, барои шиносоӣ бо шикояти вакилони дифоъ барои ӯ вақт диҳад. Додрас низ дархости додситонро қонеъ кард. Вакили дифои Аскаров - Валерян Вахитов он замон гуфта буд, ки додгоҳ "расман ҳақ аст".

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30 июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

XS
SM
MD
LG