Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости кӯмак аз САҲА барои раҳоии ҳомии ҳуқуқи қирғиз


Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ даъват карданд, ки аз мақомоти Қирғизистон озодии фаврии ҳомии ҳуқуқи зиндонии ин кишвар Азимҷон Аскаровро дархост кунад. Аскаров дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, вазъи сиҳатии Аскаров дар зиндон ҷиддан бад шудааст.

Зери ин муроҷиатнома 8 созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch ва Civil Rights Defenders имзо гузоштаанд. Муроҷиатномаи созмонҳои байналхалқӣ дар ҳолест, ки рӯзи 7 июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мулоқоти вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили беназмищо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд. Додгоҳ 24 январи соли 2017 ҳукми зинаҳои поёниро бетағйир боқӣ гузошт.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG