Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Истифодаи корти электронӣ барои пардохти ҳаққи роҳкиро ба баҳсҳои чандсолаи Зулфия Гулмирзоева ва пулчинҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ нуқта гузошт. Ин сокини пойтахт мегӯяд, ҳар субҳ роҳат ва бидуни ҷанҷолу асабоният ба ҷои кор меравад.
"Навраси гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ дар тифлӣ ятим мемонад ва баъди ғарқ шуданаш дар ҳавзи оббозӣ як муддат дучори марги клиникӣ мешавад. Баъди наҷот аз ин ҳолат ба як инсони дорои нерӯ ва истеъдоди фавқулодда табдил меёбад".
Кевин Коверт, кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар вокуниш ба мавзӯи то 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани арзиши сим-кортҳои телефонҳои мобил гуфт, дар ингуна ҳолатҳо бояд «қонуни бозор амал кунад».
Шӯҳрат Қудратов, вакили саршиноси тоҷик рӯзи 24-уми август аз зиндон раҳо шуд. Наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ таъйид карданд, ки дар ҳоли ҳозир ӯ дар манзилаш қарор дорад.
Хабари то 250 сомонӣ боло шудани нархи симкорт дар Тоҷикистон ва зарбулаҷали ширкатҳои мобилӣ ба муштариён, даҳҳо нафарро ба марказҳои хидматрасонӣ бурдааст.
Хабари то 250 сомонӣ боло шудани нархи симкорт дар Тоҷикистон ва зарбулаҷали ширкатҳои мобилӣ ба муштариён, даҳҳо нафарро дар марказҳои хидматрасонӣ ҷамъ овардааст.
Нусратулло Давлатов, як масъули Хадамоти алоқа, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо боло бурдани қимати симкорт мехоҳанд, қадри онро бардоранд, то мардум ҳар рӯз симкорти худро иваз накунанд.
Як вакили порлумони Тоҷикистон аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод кард ва гуфт, "ин кор ба зиёни кисаи мардум аст".
Дар ҳоле ки кадбонуҳои тоҷик дар остонаи Иди Қурбон ё Иди Азҳо барои оро додани дастархони идонаи хоксорона талош мекарданд, эҳтимол ин эҳсосро доштанд, ки чашме ноаён торти онҳоро бармекашад, дастархони онҳоро чен мекунад ва пиставу чормағзро мешуморад.
Саида исми мустаори занест, ки солҳо боз розеро дар дил пинҳон медорад -- розе, ки аз он, ба гуфтааш, фарзандону наздиконаш ҳам хабар надоранд.
Вазорати молияи Тоҷикистон ба онҳое, ки саҳмияҳои неругоҳи Роғунро дар даст доранд, итминони хотир медиҳанд, ки ҳатман фоида хоҳанд гирифт.
Набуди об дар манзили Фирӯз Акобиров зиндагии онҳоро дар гармои тоқатфарсои тобистон сахту мушкил кардааст.
Беобӣ дар гармои тобистон бисёр маҳаллаҳои Душанберо азият мекунад
Ин шабурӯз муштариён дар Душанбе ба умеди дарёфти билети арзонтар ба дари чиптафурӯшӣ сар мезананд. Вале пас аз Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия, рӯз ба рӯз нархи чиптаи ҳавопаймо боло меравад ва на ҳама имкони сафар ба Русияро доранд.
Дар Тоҷикистон то чанд ҳафтаи дигар нархи хадамоти тиббӣ боло меравад. Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, гароншавии баъзе маҳсулот онҳоро водор кард чунин тасмим бигиранд. Аммо сокинон ва ба хусус қишри ниёзманд мегӯянд, аз ҳоло хабари боло рафтани нархи табобат онҳоро нигарон кардааст.
Мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар наздиктарин ҳафтаҳо арзиши хадамоти тиббӣ 10 то 15 дарсад афзоиш меёбад
Шаҳрдории Душанбе барои баррасии шикояти гурӯҳи занон аз афзоиши озори лафзии мардон дар кӯчаҳои пойтахт ва ҳам тадбирҷӯии мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Ёфтҳои бештар