Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Шаҳрдории Душанбе барои баррасии шикояти гурӯҳи занон аз афзоиши озори лафзии мардон дар кӯчаҳои пойтахт ва ҳам тадбирҷӯии мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Зане, ки 12 соли пеш бо умеди бунёди хонаи бахт бо марди тоҷике аз Қазоқистон ба Тоҷикистон омад, ҳоло дар яке аз бозорҳои Душанбе аз роҳи аробакашӣ рӯзии худу чор фарзандашро таъмин мекунад.
Садои нолаву фиғони модари Ҳувайдои 5-сола, субҳи 25-уми уми июл фурудгоҳи Душанберо такон дод. Ин модар чанд соли пеш бо умеди дастёбӣ ба зиндагии беҳтар ва ояндаи хуби фарзандон, ҳамроҳи шавҳар ба Русия ҳиҷрат карда буд ва бо ҷасади сарди духтари 5-сола ба Душанбе баргашт.
Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола субҳи 25-уми июл бо андаке таъхир тавассути парвози ширкати "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар давоми тахминан наздики ним соли ҷорӣ шудани маҳдудият дар сафарҳои хориҷии бидуни иҷозати донишҷӯёну омӯзгорон, аризаи ҳеҷ нафаре дар ин замина рад нашудааст.
Чеҳраи Маҳмадулло барои аксарият тавассути нақшҳояш дар барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин” ошно аст.
Мақомоти маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонида, санаи охирини соли хонишро эҳтимолан 14 июн муқаррар мекунанд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз сангинии ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ нигарон аст ва умед дорад, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар заминаи нармтар кардани Кодекси ҷиноятӣ дар ин замина иқдом хоҳад кард.
Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба парвандаи соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов, назари худро баён карданд.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар назди моликони корхонаҳои бузурге, ки дар солҳои 90-ум хусусӣ шуда, имрӯз бекор хобидаанд, шарт гузошт: корхонаҳоро ба кор андозанд, вагарна дар нисбатшон чора андешида хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар назди моликони корхонаҳои бузурге, ки дар солҳои 90-ум хусусӣ шуда, имрӯз бекор хобидаанд шарт гузошт: корхонаҳоро ба кор андозанд, вагарна дар нисбатшон чора андешида хоҳад шуд.
Бастаи ҳуҷҷатҳо дар даст падари тоҷик як сол боз талош дорад, шаъну шарафи духтари худ ва обрӯи хонаводаашро барқарор кунад.
Аксари сокинони маҳаллаҳои наздик ба маркази шаҳр риояи дастури мақомот барои "зебо" ва якранг кардани бомпӯши хонаҳоро пурхарҷу мушкил медонанд.
Зиддияти модар, роҳи дур, харҷи зиёд ва мушкилоти дигар ҳам натавонист пеши роҳи амалишавии орзуи як духтари 19-солаи тоҷикро, ки акнун яке аз футболбозони фаъол аст, бигирад.
Табибони бемористони Қарияи Боло дар бадани як кӯдаки 9-моҳа 10 сӯзанро ошкор кардаанд ва қотеона таъкид мекунанд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст.
Сарнавишти ин зани танҳо достони филми кӯтоҳи “Вақте ки зан бошӣ” аст, ки онро коргардони ҷавони тоҷик Мурод Тӯйчиев офаридааст. Дар ин филм, ӯ сарнавишти талху озору азият ва нигоҳҳои таҳқиромези ҷомеа ба занҳои танҳомондаро ба тасвир кашидааст.
Ёфтҳои бештар