Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навраси ғайриоддии тоҷик. Дар 16-солагӣ – "аудитор". ВИДЕО


Шоҳин Каримҷонзода

Як навраси 16-солаи тоҷик тавонистааст кореро анҷом диҳад, ки баъзе аз иқтисоддонҳо бо таҷрибаи чандсола барои расидан ба он зина талош доранд. Шоҳин Каримҷонзода дар як соли охир 9 имтиҳони мушкили Иттиҳодияи муҳосибони Бритониё ё ССA-ро супурдааст ва барои се имтиҳони охирин, ки қарор аст моҳи декабр дар Тошканд сурат гирад, омодагӣ мебинад.

Падарам дар хона ҳамеша дар бораи онҳое мегуфт, ки баъди таҳсил аз хориҷа ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо солҳои зиёд дар хориҷ таҳсил мекарданд. Баъди бозгашт аз онҳо дипломҳои ССА, CIPE ва СAP талаб мешуд.

Дар сурати бомуваффақият супурдани ин имтиҳони созмони бонуфуз, Шоҳин Каримҷонзода соҳиби шаҳодатнома ё сертификати байналмилалии тасдиқи маҳорати муҳосибӣ мешавад ва имкони кор дар тамоми ниҳодҳои иқтисодии ҷаҳону Тоҷикистонро пайдо мекунад.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад бисёре аз муҳосибону аудиторҳо дар Тоҷикистон солҳо боз талоши бомуваффақият супурдани ин имтиҳонҳо ва соҳиби шаҳодатномаи дараҷаи байналмилалилӣ шуданро доранд. Бархе ҳам бо вуҷуди хатми донишгоҳҳои иқтисодӣ натавонистаанд ба ин муваффақ шаванд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Навраси ғайриоддии тоҷик. Дар 16-солагӣ – "аудитор"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:47 0:00

"Барои ман дарс шуд, ки..."

Имтиҳонҳои Иттиҳодияи муҳосибони Бритониё бо забони англисӣ сурат мегирад ва мурраккаб аст. Шоҳин Каримҷонзода рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан, дар аввал мушкил буд. Махсусан имтиҳони аввал, ки он вақт чандон забони англисиро хуб намедонистам.”

Шоҳин Каримҷонзода ба фарқ аз аксар ҳамсолони дигараш аз синфи 9-ум бо хости худ таҳсилро хатм кард. Дар ҳоле ки ҳамсабақонаш ҳанӯз таҳсилро дар мактаб идома медиҳанд, ӯ дар як ширкати байналмилалии аудитори таҷрибаомӯзӣ мекунад.

“Падарам дар хона ҳамеша дар бораи онҳое мегуфтанд, ки баъди таҳсил аз хориҷа барои кор ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо солҳои зиёд дар хориҷ таҳсил мекарданд. Баъди бозгашт боз аз онҳо дипломҳои ССА, CIPE ва СAP талаб мешуд. Ин барои ман як дарс шуд, ки аз пайи супурдани имтиҳонҳо ва ба даст овардани диплом шавам”, - афзуд ӯ.

"Вақт тез мегузарад, фарзандонро аз хурдӣ бояд омода кард"

Падари Шоҳин муҳосиб аст ва дар як ниҳоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ӯ 40-сола аст ва дар супурдани имтиҳонҳои ССA бо писари 16-солааш дар як зина қарор дорад. Падар танҳо 9 имтиҳони Иттиҳодияи муҳосибони Бритониёро супурдааст.

Фирӯз Булбулов, падари Шоҳин, мегӯяд, замоне фаро расидааст, ки бояд волидон аз синфи 6 ва 7-ум бояд дар фикри оянда ва кори фарзандони худ шаванд. Худи Фирӯз мактаби миёнаро то синфи 10-ум хондааст. Ӯ гуфт, “бояд фикр накунем, ки ҳама чӣ дар пеш аст. Вақт бисёр тез мегузарад ва фарзандонро аз хурдӣ бояд омода кард. Масъалаи омода ва ба ҷои кор таъмин кардани онҳоро бояд барвақт андеша намуд.”

Соле пеш, вақте Шоҳин дар дуроҳаи интихоб қарор дошт, дӯстонаш ба ӯ тавсия намедоданд, ки таҳсилро тарк кунад. Аммо ӯ аз роҳи худ нагашт ва мегӯяд, ҳоло пушаймон нест. “Албатта, ин як таваккал буд. Чун дар ин бора бисёриҳо нашунида буданд ва ин имтиҳонҳои ССА-ро баъди хатми донишгоҳ фикр мекарданд. Барои ҳамин, дар аввал намехостанд. Ҳоло, ки ба синфи 11-ум наздик шуданд, дарк мекунанд, ки муҳим будааст ва саросема шудаанд.”

Одамони ангуштшумор чунин сертификат доранд

Мутахассисони соҳаи иқтисод мегӯянд, сертификати ССА дар олами муҳосибот яке аз санадҳои бонуфуз дониста мешавад. Дар синни наврасӣ соҳиби чунин санад шудан, ба гуфтаи онҳо, осон нест.

Бахтиёр Салоев, менеҷер оид ба аудит гуфт, ӯ танҳо пас аз 3 соли таҳсил дар Донишгоҳ дар бораи чунин як санади бонуфуз маълумот пайдо кардааст. Дар Тоҷикистон танҳо чанд нафари ангуштшумор соҳиби чунин сертификат будаанд.

Ҳадафи Шоҳини 16-сола аз талош барои супурдани тамоми марҳилаи имтиҳони ССА роҳ ёфтан ба чаҳоргонаи бузурги ширкатҳои аудитории ҷаҳонӣ ё “Биг фор” аст. То 22-солагӣ ӯ аллакай мутахассиси қавии соҳаи иқтисод хоҳад шуд.

Шоҳин ба ҳамсолони худ ва ҷавонони дигар тавсия медиҳад, ки вақти худро қадр кунанд, то оянда дар бозори кор серхарид бошанд. “Бовар дорам, дар дигар соҳаҳо ҳам чунин имкониятҳо ҳаст ва онҳо метавонанд аз тариқи интернет ин имкониятҳоро пайдо ва истифода баранд. Ин имконҳо ҳам вақт ва ҳам хароҷоти камро талаб мекунад, аммо муҳим баъдан ҷойи кори хуб кафолат дода мешавад”, - хулоса кард Шоҳин Каримҷонзода.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG