Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматилло Зоиров: "Ҳозир вақти ба истеъфо рафтан нест" ВИДЕО


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Номзадии Шокирҷон Ҳакимов, Амният Абдуназаров, Шуҳрат Қудратов ва Маҳмурод Одинаев ба мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аммо онҳо номзадии худро пас гирифтанд. Раҳматилло Зоиров низ мегӯяд, ҳоло вақти тағйири раҳбарияти ҳизб нест.

Ин ҳизб, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои фаъоли мухолиф дониста мешуд, ҳадди ақал се сол боз давраи мушкилро пушти сар мекунад

Нишасте бо таъхири дусола

Раҳматилло Зоиров дигарбора раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз ҳафт ҳизби сиёсии фаъол дар кишвар интихоб шуд. Ӯ аз замони сабтиноми расмии ҲСДТ дар соли 1998 раёсати ҳизбро бар уҳда дорад.

Масъалаи интихоби раиси нави Ҳизби сотсиал-демократ дар анҷумане, ки баъди беш аз ду соли ба таъхир афтодан рӯзи 27-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд, матраҳ гардид. Бархе аз вакилони анҷумани Ҳизби сотсиал-демократ хостори интихоби раҳбари нав шуда, ба ин мақом номзадии Шокирҷон Ҳакимов, Амният Абдуназаров, Шуҳрат Қудратов ва Маҳмурод Одинаевро пешбарӣ карданд.

Анҷумани ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Рӯзи 27-уми октябри соли 2018
Анҷумани ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Рӯзи 27-уми октябри соли 2018

Аммо аз як сӯ Раҳматилло Зоиров дар ин шабу рӯзе, ки ба қавли ӯ бояд аъзои ҳизби тақрибан парокандашударо ба ҳам орад, аз мақом рафтанро муносиб надонист ва аз тарафи дигар худи номзадҳо аз довталабӣ ба мақоми раисӣ даст кашиданд. Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки ба хотири ҳифзи ваҳдат дар дохили ҳизб ва ҳамчунин эҳтироми Зоиров номзадии худро мегирад. Шӯҳрат Қудратов гуфт, ки ба омӯзиши вазъ ниёз дорад.

Чаро тағйири раҳбарият зарур нест?

Раҳматилло Зоиров рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ далели ба истеъфо нарафтани худ ва ҳамин тавр амалан иваз нашудани раиси ҳизбро бештар ба "вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар" рабт дод.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зоиров дигарбора раиси ҲСДТ интихоб шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Ӯ гуфт, "дар ин вақт ба истеъфо рафтанро фаромӯш кунем. Баръакс, бояд аз таҳти дил кӯшиш кунем, ки дар ду соли оянда ба ягон натиҷа расида тавонем. Пешрафти ҷумҳуриро таъмин кунем. Бале, дар кишвар сохтмонҳо зиёд аст, аммо ягон сохтмон натиҷаи иқтисод нест. Иқтисод дар Тоҷикистон бисёр заиф аст. Аз ҷиҳати сиёсӣ, дар давоми шаш соли охир беш аз 25 қарори ҳукумат қабул шудааст, ки сиёсати иҷтимоӣ ва имтиёзҳои мардум, бахусус маъюбону низомиҳоро маҳдуд кардааст."

Зоиров гуфт, барои кори самарбахш ба зудӣ мудирон ё раҳбарони бахшҳои вилоятӣ, минтақаӣ ва шаҳри Душанберо иваз карда, бештар ба нирӯи ҷавонҳо такя хоҳад кард. Ӯ гуфт, "дар ҳама созмонҳо раҳбариятро иваз мекунем. Ин дафъа бештар ба ҷавонҳо такя мекунем ва бештар созмони ҷавонони ҳизби сотсиал-демократро фаъол менамоем."

Ҳизби мушовири собиқ

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабтином шуда, дар ҳоли ҳозир ба иддаои масъулонаш беш аз 8 ҳазор узв дорад. Ин ҳизб замоне сабтиноми расмӣ гардид, ки Раҳматилло Зоиров ба ҳайси мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кор мекард. Зоиров пас аз сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва ба фаъолияти худ ҳамчун раиси ҲСДТ идома бахшид.

Ин ҳизб, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои фаъоли мухолиф дониста мешуд, ҳадди ақал се сол боз давраи мушкили фаъолиятро паси сар мегузорад. Раҳбарияти ҳизб қаблан гуфта буд, ки аз як тараф фишори мақомот афзудааст ва аз тарафи дигар онҳо баъди интихоботи порлумонии соли 2015 ба мушкили молӣ дучор шуда, барои ҳалли он ба фурсати бештар ниёз доштанд.

Будан ё набудан?

Мирҳусейн Нарзиев
Мирҳусейн Нарзиев

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, дар се соли охир дар Тоҷикистон таҳаввулоте рух дод, ки Ҳизби сотсиал-демократ бо мавқеъгириҳо алайҳи ҳукумат метавонист аз саҳнаи сиёсии кишвар ба тамом берун шавад, бинобар ин хомӯширо ихтиёр кард. Мирҳусейн Назриев, раиси пешини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми октябр гуфт, "мутаассифона, ҲСДТ натавонист бо назардошти вазъи сиёсии кишвар амал кунад. Тайи се соли охир ҳизб хомӯш буд. Ҳол он ки мебоист мавқеъгирӣ мекард. Модом ки вориди бозӣ шудед, бояд талош кард, то муваффақ шавед."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҲСДТ бо сарфи назар кардани баъзе ҳодисаҳои муҳими кишвар бақояшро таъмин кард ва аз набудан дар саҳнаи сиёсат ором буданро авло шумурд. "Аммо наметавонад дар остонаи интихоботи ду соли оянда ором бинишинад", - хулоса кард Назриев.

XS
SM
MD
LG