Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
“Тарки хонавода кардани шавҳар ва бо тифл дар батн танҳо мондани зани ҷавон ӯро ба худсузӣ водор кард, вале ӯ дар лаҳзаи охир миёни маргу зиндагӣ дуввумиро интихоб намуд. Ба тифли батнаш ваъда дод, ки худу ӯро намекушад ва зиндагиро ба танҳоӣ месозад.”
Футбол ва Ҷоми ҷаҳонӣ ин шабу рӯз дар Тоҷикистон ҳушу ёди аксариятро ба худ ҷалб кардааст. Зери таъсири бехобиҳои мардону ҷавонон, дар бисёр хонаводаҳо ин шабу рӯз занону модарон ҳам ба мухлиси футбол табдил ёфтаанд.
Нокомии Месси дар ду бозии қаблии Ҷоми ҷаҳон холаи Муяссара Азизова, як сокини 52-солаи деҳи Нилуи шаҳри Ҳисорро сахт нороҳат кард.
Шаҳодатномаи таваллуд -- нахустин санадеро, ки тибқи қонун ҳар шахс бояд дар се моҳи аввали баъди таваллуд соҳиб шавад, бархеҳо дар Тоҷикистон замоне ба даст мегиранд, ки аллакай 18-сола шуданд ё ба синни шиносномагирӣ расидаанд.
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи гази моеъро шарҳ дод. Масъулони Хадамот гуфтанд, ҷаҳиши нархи газ бинобар боло рафтани нархи он дар Қазоқистон ба амал омад. Ба қавли онҳо, ширкатҳои қазоқистонӣ нархи як тонна гази моеъро аз 384 доллари қаблӣ то ба 587 $ боло бурдаанд.
Мардуми Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн бо шахсияте барои ҳамеша худоҳофизӣ мекунад, ки исмаш ҳанӯз солҳои 80-ум дар таърихи нави кишвар сабт шудааст.
Мардуми Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн бо шахсияте барои ҳамеша худоҳофизӣ мекунад, ки исмаш ҳанӯз солҳои 80-ум дар таърихи нави кишвар сабт шудааст. Муаллифи “Таърихи табартақсим” Раҳим Масов – таърихшиноси маъруфи тоҷик – рӯзи панҷшанбе дар 79-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.
Оятуллоҳ Сатторзодаи 13-сола ба фарқ аз ҳамсолонаш на фасли тобистону мавсими таътил, балки бештар зимистонро дӯст медораду интизор мешавад. Маҳз дар ҳамин мавсим падари ӯ баъди моҳҳои дурӣ ба хона, назди онҳо бармегардад.
Як навраси 17-солаи тоҷик пешниҳод дорад, дар деҳот ба говҳо “памперс” ё халтаи махсус пӯшонида шавад, то ахлоти чорво оби чашмаву ҷуйҳоро ифлос накунад.
Сокинони Душанбе аз шеваи баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар остонаи Иди Рамазон интиқод карданд. Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот маъмулан дар арафи иду ҷашнҳо ба хотири танзими нархҳо баргузор мешавад. Аммо сокинон гуфтанд, чунин маъракаҳо чандон ба дард намехӯрад.
Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши қазияи як шаҳрванди Узбекистон шурӯъ кардааст, ки гӯиё аз тарафи як сокини шаҳри Ҳисор тайи 8 моҳ ҳамчун мардикор истифода шудааст.
Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши қазияи шаҳрванди Узбекистон Ҷасур Амиров шурӯъ кардааст, ки гӯиё 8 моҳ аз тарафи як сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун мардикор истифода шудааст.
Пас аз 6 рӯзи қатли Моҳира Ятимова, хонаводаи ҳамсари собиқаш Бобоҷон Ширинзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ интизор надоштанд, ки чунин фоҷеае рух медиҳад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки 15-уми июн, рӯзи таҷлил аз Иди саиди Фитр, дар ҳеч муассисаи таълимии кишвар санҷишу имтиҳон баргузор нахоҳад шуд.
Чанд фоҷиа дар зиндагӣ Наталя Дубовитская, модари чаҳор фарзандро афсурдаҳол ва аз ҳаёт дилсард кард. Зиндагӣ барои ин зан, ки фарзандонро ба танҳоӣ бузург кардааст, маънии худро пурра гум намуд.
Лоиҳаи “Мани дигар” соле пеш бо ҳадафи кумак ба занон ва раҳо шудани онҳо аз ҳолатҳои ногувор ва мушкили зиёд кумак мекунад. “Мани дигар” аз 4 мавсим иборат аст ва ҳар мавсими лоиҳа 5 зани аз 30 то 55-соларо фаро мегирад.
ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон барои барқарор кардани ҳолати рӯҳӣ ва мутобиқ шудани атфоли аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашудаи тоҷик, иқдомҳое рӯйи даст гирифтааст. Ин созмон дар навбати аввал мехоҳад, ба хонаводаҳое, ки ин кӯдакони аз падару модар маҳрумшударо қабул мекунанд, кӯмакҳои молӣ расонад.
Ёфтҳои бештар