Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 40 ба 1000. Афзоиши сафи донишҷӯёни узбек дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Имсол сафи донишҷӯёни узбекистонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон афзуда, ба тақрибан ҳазор нафар баробар шудааст. Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки дар солҳои гузашта ин рақам ба 40 нафар мерасид.

​Аз Деҳнав ба Душанбе

Дар баъзе аз мактабҳои олии Тоҷикистон барои донишҷуёни узбекистонӣ омӯзиши бепули забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст.

Шириной Кароматуллоева як моҳ боз дар бахши забони англисии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дарс мехонад. Ин духтари 21-соларо орзуи таҳсил ва, ҳамчунин, нақлҳои бибиаш, ки дар замони Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон таҳсил кардааст, аз Деҳнав ба Душанбе овард.

Шириной соли 2014 мактабро хатм кард ва се сол дар омӯзишгоҳе дар Узбекистон хонд. Аммо мегӯяд, натавонист орзуи таҳсил дар Тоҷикистонро аз сар дур кунад. "Бибиям солҳои пеш дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҳсил карда будаанд. Барои ман тавсия доданд, ки инҷо биоям. Саргузаштҳои ҷолибе доштанд, ки маро ба Тоҷикистон кашонд. Омадам, то дар инҷо бихонам ва нақлҳои бибиямро дар воқеъ бубинам", - гуфт ӯ рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Падарам дар Тоҷикистон хондааст"

Ин духтари узбек мегӯяд, як моҳ боз дар пойтахти Тоҷикистон аст ва ба муҳит одат мекунад. Вай гуфт, "ҳамсабақонам инсонҳои хубанд ва кумак мекунанд. Мехоҳам, онҳо низ меҳмони Узбекистон шаванд. Худашон забони узбекиро намедонанд ва кӯшиш мекунанд, ки ба ман тоҷикиро ёд диҳанд. Ҳаракат мекунам, ки бо онҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат кунам."

Танҳо дар як гуруҳе, ки Шириной Кароматуллоева мехонад, 13 донишҷӯи узбекистонӣ ҳастанд. Аммо ба фарқ аз Шириной, Аслиддин Лутфуллоев, донишҷӯи дигари узбекистонӣ бо забони тоҷикӣ хуб суҳбат мекунад ва байни ӯву ҳамсабақони тоҷикаш ҳеч тафовут нест. Аслиддин мактабро дар ноҳияи Сари Осиёи Узбекистон бо забони тоҷикӣ хатм карда, ҳоло дар риштаи иқтисод ва фанновариҳои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мехонад.

Ӯ мехоҳад, бо анҷоми таҳсил дубора ба зодгоҳаш баргардад ва дар онҷо наслҳои ояндаро тарбия кунад. Ин ҷавон мегӯяд, "ҳанӯз дар замони Шӯравӣ падар ва амакам донишгоҳҳои Тоҷикистонро хондаанд. Умед доштанд, ки рӯзе бо хуб шудани равобит мо ҳам мисли онҳо дар инҷо таҳсил кунем. Ва орзуи онҳо амалӣ шуд".

Бинои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
Бинои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

512 узбекистонӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Имсол дар баробари Шириной ва Аслиддин садҳо сокини Узбекистон донишҷӯи донишгоҳҳои Тоҷикистон шуданд. Танҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон имсол 512 шаҳрванди Узбекистон ба таҳсил пардохтанд.

Агар бархеро таҳсили пайвандонашон дар замони Шӯравӣ ба инҷо кашондааст, гурӯҳе бо даъвати донишгоҳҳои Тоҷикистон омӯзишро дар инҷо интихоб кардаанд. Шамсиддин Солеҳов, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ҳатто онҳое, ки солҳои 90-ум аз идомаи таҳсил даст кашида, ба ватани худ баргашта буданд, мехоҳанд дубора биёянд.

Шамсиддин Солеҳов
Шамсиддин Солеҳов

Таълими бепули забони тоҷикӣ

Дар иваз мақомоти тоҷик барои таҳсили довталабони узбек шароити беҳтаре фароҳам кардаанд. Ҳоло дар баъзе аз мактабҳои олии Тоҷикистон барои ин гурӯҳи донишҷуён омӯзиши бепули забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст.

Аксар ҷавонони узбек дар Тоҷикистон мегӯянд, фақат ҳадафи таҳсилро доранд. Шириной ва Аслиддин, ки тақрибан як моҳ дар Тоҷикистон ҳастанд, низ мегӯянд, вақт нишон хоҳад дод, ки сарнавишташон бо кӣ ва дар куҷо пайвастааст.

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG