Пайвандҳои дастрасӣ

Маърифат Давлатова мегӯяд, ба ҷонаш таҳдид карданд. ВИДЕО


Маърифат Давлатова

Намоишгоҳи рассоми ҷавон Маърифат Давлатова, ки тасвирҳои нимаурёни занони тоҷикро дар Душанбе ба тамошо гузошт, дар фурсати кӯтоҳ ҳангома ба по кард.

  • Иддае даҳҳо тасвири офаридаи ин рассомро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда, зери он шарҳу назари аксаран танқидӣ навиштаанд. Бештари мунтақидон наққошиҳои рассоми 25-солаи тоҷикро “таҳқир” ва “хилоф бо арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ” донистаанд.
Яке аз вокунишҳо дар Фейсбук
Яке аз вокунишҳо дар Фейсбук

Худи Маърифат Давлатов гуфт, баъди расонаӣ шудани намоишгоҳи асарҳояш, даҳҳо нафар барояш паём фиристода, бархе ба ҷонаш таҳдид кардаанд. Маърифат Давлатова мегӯяд, ба тасвири табиати зани тоҷик ду сол пеш таваҷҷӯҳ кард ва аз рӯзи аввал медонист, ки ҷомеа барои қабули ин расмҳо чандон омода нест.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нахоҳед тамошо накунед, дашном ҳам надиҳед
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:58 0:00

"Чаро занро мехаранду урён мекунанд?"

Аммо айни замон, шумори ҷонибдорони асарҳои наққоши ҷавон ҳам кам нестанд.

Орзу Исоев, шоир ва хабарнигори тоҷик, яке аз онҳоест, ки ба наққошиҳои Маърифат Давлатова баҳои баланд додааст. Ӯ рӯзи 7-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз лиҳози касбӣ ба тасвирҳои офаридаи ин рассом назари мусбат дорад. Аммо он чи ӯро нигарон кардааст, “вокунишҳои баду таҳқиромези иддае аз мунаққидони ҳунари Маърифат аст”.

Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Руҳуллоҳ бо Орзу Исоев
Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Руҳуллоҳ бо Орзу Исоев

Исоев гуфт, тасвири тани урёни зани тоҷик набояд то ба ин ҳад баҳсбарангез бошад, чун бояд ба мушкилҳо аз назари воқеият нигоҳ кард. Зеро, ба бовари ӯ, паси пардаи “менталитет” пинҳон кардани мушкиле, ки ҷомеа дар шинохти зан дорад, иштибоҳ аст. “Агар бараҳна будани як персонажи рассом барои ҷомеаи тоҷик хушоянд нест, пас, чаро дар хиёбонҳои Душанбе занро бо чанд сомонӣ ва барои чанд лаҳза мехаранду урён мекунанд?” – суол гузошт Орзу Исоев.

Вай афзуд, “ба назари ман, ба фоҳиша шудани зани тоҷик, ба ҳамоқат руй овардани ӯ ва арзон шудани қимати занҳо мардон гунаҳкоранд. Бадани урёнро дар тамоми тарабхона ва фароғатгоҳҳо дидан мумкин аст. Пас, бояд ин тасвирҳоро аз зовияи як шахси ҳақиқатпараст баҳо дод, на инки пардаи менталитетро ба рӯи ҳақиқат бикашему бигӯем, ин чизҳо вуҷуд надорад.”

"Метарсам, ки худсензура нашавад"

Шарҳҳои дигар дар Фейсбук
Шарҳҳои дигар дар Фейсбук

Онҳое, ки бо тарафдорӣ аз ин рассоми ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ менависанд, мегӯянд, Тоҷикистон як кишвари демокративу дунявист ва набояд эҷодкоре барои офаридани тасвире, ки дилаш хостааст, маҳкум шавад.

Далери Имомалӣ, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, низ ба ҳимоят аз ин рассоми ҷавон садо баланд кардааст. Ӯ бо нишони ҳамраъйӣ бо рассоми тоҷик, чанд рӯз пеш акси саҳифаашро дар Фейсбук бо яке аз наққошиҳои Маърифат Давлатова иваз кард.

Далери Имомалӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бисёр метарсад, ки бархӯрди бади ҷомеа ба ҳунари ин духтари наққош боис ба худсензура нашавад: “Ҳамин худсензураҳо аст, ки мо Бахтиёр Худоназаровро дар Олмон аз даст додем. Давлат Худоназаров солҳо боз дар ҳиҷрат зиндагӣ мекунад. Бо ҳасрат мегӯем, ки чаро Барзу Абдураззоқов дар Тоҷикистон набошад?”

"Як инқилоб"

Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ

Тавре бархе мегӯянд, бо вуҷуди интиқоду сангандозиҳо, Маърифат Давлатова ҳамчун наққошу ҳунарманд, ба як ҳадафи муҳим расида тавонист: осори ӯро диданд, касеро бетафовут нагузошт ва тавонист аъзои ҷомеаро ба баҳс бикашад.

Донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров, ки ҳамчунин андешаҳои худро нашр кард, осори Маърифат Давлатоваро як қолабшиканӣ меномад. Ӯ, аз ҷумла, ҷасорати Маърифатро ба ошкоргӯиҳои шоираи маъруфи эронӣ Фурӯғи Фаррухзод шабоҳат дода, кори ӯро “як инқилоб” номидааст.

Навори суҳбати Шаҳзодаи Самарқандӣ:

Шаҳзода: Чаро мардҳо аз занони ситамкаш дифоъ намекунанд?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:42 0:00

Шаҳзодаи Самарқандӣ, журналист ва нависандаи тоҷик дар Амстердам мегӯяд, тасвири зани урёну нимаурён дар ҳунари рассомӣ аз қадим буд ва ҳарфи наве нест. “Осори Маърифат бояд пуштибонӣ шавад, то ки мардум ба он одат карда, таваҷҷӯҳро ба масоили доғи дигари ҷомеа равона кунанд, на ба баррасии масоили ин ки зан бояд чӣ бипӯшаду чӣ гуна бошад”, - гуфт ӯ.

"Мухолифаташонро баён кунанд, аммо бе таҳқир"

Бахтиёр Аминӣ
Бахтиёр Аминӣ

Бахтиёр Аминӣ, шоири тоҷики муқими Олмон, ба ҳунари Маърифат Давлатова офарин мехонад ва мегӯяд, набояд ин ҳангомаҳо боис ба дилсард шудани ин рассоми ҷавон гардад: “Ҳар чизе, ки мо мегӯем, ҳатман 100-200 нафар ба он назари мухолиф доранд. Ин ҳам хуб аст. Бигзор назари дигар ҳам дошта бошанд, аммо бояд назарашонро бе таҳқир ва бе тавҳин иброз доранд. Чуноне ки Маърифат ба касе натохта ва касеро ҳақорату тавҳин накардаааст.”

Маърифат Давлатова мегӯяд, давоми чанд рӯзе, ки тасвирҳои офаридааш мавзӯи аслии баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, теъдоди тамошобинони намоишгоҳаш низ бештар гардид. Ҳатто онҳое ҳам, ки аз ӯ барои ин кор интиқод мекарданд, ба намишгоҳ рафтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG