Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эстакадаи маҳаллаи 82-юми пойтахт ба истифода дода шуд.ВИДЕО


Нахустин эстакада ё роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд шудааст.

Ин тарҳ дар чаҳорчӯбаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ иҷро мешавад

Дар маросими баҳрабардорӣ аз роҳи сетабақа Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ ҳузур дошт. Мақомот мегӯянд, ин роҳ бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар маросими ифтитоҳи роҳи сетабақа дастур дод, ки барои назорати он диққати ҷиддӣ бидиҳанд.

Масъулин мегӯянд, ин роҳ мушкили рафтуомади нақлиётро осон карда, тамбашавиро дар ин қисмати шаҳр аз байн мебарад. Бо ифтитоҳи роҳи сетабақа мушкили як бахши сокинони Душанбе ҳалли худро ёфт, ки давоми ду сол аз баста будани роҳ азият мекашиданд.

Эстакадаи маҳаллаи 82-юми пойтахт ба истифода дода шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Сохтмони роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе ду соли қабл шуруъ шуда буд. Ин эстакада аз қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанебро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи мақомот, ин чорсӯи нав аз се сатҳ иборат аст, ки дар буриши хиёбони Нусратуллоҳ Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дувуми ин чорроҳа роҳи давродаврие сохта шудааст, ки тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи савум аз самти шарқ ба ғарб пул, ки дарозиаш 125 метр хоҳад буд, мегузарад. Дар ин тарҳ бунёди 4 роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон бунёд гардид.

Ин тарҳ дар чаҳорчӯбаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ иҷро мешавад. Онро Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”-и Чин амалӣ мекунад ва сифати сохтмонро ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат менамояд.

Ҳадаф аз бунёди ин тарҳ, беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва раҳгузарон гуфта шудааст.

Бунёди эстакадаи дуюми пойтахт дар маҳаллаи Қараболо ҳам соли ҷорӣ шурӯъ шуд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG