Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби қубур дар кӯча. Сокинон аз бӯи ғализи ахлот ба танг омадаанд. ВИДЕО


Сокинони чанд бинои чаҳорошёна дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ки ҳар субҳи худро бо бӯи ғализи ахлот ва дидани манзараи нохушоянд оғоз мекунанд. Шабакаи обу корези ин маҳалла вайрон шуда, зиндагии сокинонро, ба истилоҳ, талх кардааст.

Масъулони ҳукумат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин вазъият хабар доранд ва мунтазири тасдиқи нақшаи генералӣ ҳастанд.

Соҳиб Бобиев, раиси ин маҳаллаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳар субҳ ҷӯи назди бинои истиқоматиашро тоза мекунад. Ӯ рӯзи 21-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "канализатсия, қубур, маҳкам шудааст. Агар ҳар рӯз тоза накунӣ, тамоман ифлос мешавад".

Бобиев нақл кард, ки қубури даврони Шӯравӣ куҳнаву фарсуда шуда, имкони пурраи интиқоли обу ахлотро надорад ва ба ҳамин сабаб, баъзе ифлосиҳо ба берун мебарояд. "Кӯдакон умуман аз хона баромада наметавонанд. Пеши хонаи мо аз оби ифлос пур мешавад. Ҳар моҳ ҷангу ҷанҷол дорем",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Шикояти сокинон аз "бӯи ғализ" ва "манзараи нохушоянд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Фотима Хидирова, сокини шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, борҳо барои ҳалли мушкил ба мақомот муроҷиат карда, ба ҷуз аз ваъда кумаки амалӣ нагирифтанд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "ҳамаи мақомот медонанд, оби канализатсия ба берун мебарояд".

"Дирӯз аз хона ба берун баромада намешуд. Аз даромадгоҳи хона пойафзоламро гирифта, то назди мактаб рафтам ва баъд пӯшидам. Ягон шароит нест. Ҳар моҳ 3-4 бор ҳамин хел вазъият мешавад",-шиква кард Хидирова.

Дар ин маҳалла беш аз 1000 нафар зиндагӣ мекунад. Солҳо аз сабаби корношоям будани қубури ахлотгузар, оби ҳоҷатхонаҳо дар атрофи ин хонаҳо ҷамъ мешавад. "Муроҷиат кардем, чанд дафъа нома навиштем. Омаданд, гуфтанд, ки чора мебинанд. Аммо то ҳол чизе нашуд. Аслан ҳавои тоза нест. Ҳолати нороҳаткунанда",-гуфт яке аз сокинон.

Масъулони ҳукумат, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур доштанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин вазъият хабар доранд ва мунтазири тасдиқи нақшаи генералӣ ҳастанд.

Анвар Шарифов.
Анвар Шарифов.

Анвар Шарифов, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода, гуфт, "масъала чунин аст, ки қубурҳо аз даврони Шӯравӣ мондаанд. Хонаҳои баландошёнаи бисёр сохта шудааст. Қубурҳои Шӯравӣ майда ҳастанд. Нақшаи куллӣ бояд ба зудӣ омода шавад. Бо кӯмаки соҳибкорон як километр қубури наву замонавиро таъмир мекунем. Чанд хонаро мо таъмир кардем, ҳамин хонаҳои байн мондаанд, ки ба наздикӣ тавассути соҳибкорон тармим мекунем."

Сокинон мегӯянд, ҳоло, ки фасли сармо аст, бӯи обҳои ғализро фурӯ менишонад ва боридани барфу борон онро пок мекунад. Дар фасли гармо зиндагӣ дар ин маҳалла тоқатфарсо аст.

XS
SM
MD
LG