Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Пудина” – Як рӯзи зиндагии духтари ҷӯгӣ дар Тоҷикистон


Нигоҳе ба як рӯзи зиндагии пурчолиши як ноболиғе аз хонаводаи лӯлиҳои Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи филмсози ҷавони тоҷик Таҳмина Ҳакимова қарор гирифт.

Маросими муаррифии мустанади 16-дақиқаӣ дар бораи чолишҳои зиндагии як духтари ноболиғ тамошобинро бо ҳаёти ҷомеаи лӯлиёни Тоҷикистон ошно мекунад, шоми 11 декабр дар Душанбе ба намоиш даромад. Ҳаёте, ки Фозилаи лӯлӣ дорад, аз зиндагии бисёр ҳамсолони дигараш дар Тоҷикистон фарқ мекунад. Ин тифл, ки бо хости модар аз таҳсил дар канор мондааст, баробари расидани субҳ дар фикри пайдо кардани нон мешавад.

Ин филм, ки бо кӯмаки молии Сафорати Британия ба намоиш гирифта шудааст, бори нахуст дирӯз дар "Гӯшаи амрикоӣ" дар Душанбе, дар чаҳорчӯби ҷашнвораи синамогарони ҷавони тоҷик манзури тамошобинон шуд.

Ба бовари соҳибназарон, тӯли чанд соли ахир арсаи филмсозии тоҷик ба чанд далел ба мушкилоте рӯбарӯ шудааст, ки камбуди маблағ ва набудани филмномаҳои арзанда аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Худи Таҳмина Ҳакимова, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошт, дар паёмаки худ ба тамошобинон гуфт, ки ин нахустин таҷрибаи таҳияи филмаш аст ва мехост бо ин филмаш дар бораи ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон барои зиндагии шоиста сӯҳбат кунад.

Бардоштҳо аз филми "Пудина"

Бештаре аз тамошобинон бо шавқ ин филми мустанадро тамошо карданд ва баъд аз поёни намоиш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳарчанд ин нахустин таҷрибаи филмсозии Таҳмина Ҳакимова аст, вале тавонистааст ба ҳадаф бирасад ва аз назари фаннӣ ҳам бо сифати хубе таҳия шудааст. Исмоил Зибоӣ, продюссери ин ҷашнвораи филмҳои коргардонҳои ҷавони тоҷик мегӯяд муҳим нест, ки ин филм ба талаботи сатҳи ҷаҳонии филмсозӣ мутобиқ аст ё не. Муҳим ин аст, ки филмсоз тавонист пайғоми худро ба тамошобин бирасонад.

Исмаил Зибаӣ, продюссери ҷашнвораи филмҳои коргардонҳои ҷавони тоҷик.
Исмаил Зибаӣ, продюссери ҷашнвораи филмҳои коргардонҳои ҷавони тоҷик.

Вай афзуд, "муҳим коргардон тавонистааст ҳамаи хостаҳои ин духтарак аз зиндагиро ба тамошобинон ба намоиш гузорад ва имрӯз мутмаинам ҳамаи тамошобинон ин ҳама орзуҳои ин духтараки ҷӯгитаборро дарк карданд. Боварӣ дорам, ки филмҳои дигари хонум Таҳмина дар сатҳи баландтаре офарида мешаванд".

Далери Имомалӣ, коргардону ҳунарманд ва хабарнигори тоҷик дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки аз мавзӯи интихобкардаи хонум Таҳмина хушаш меояд. Аммо, ба эътиқоди Далери Имомалӣ аз тамошои ин филми мустанад қонеъ нашудааст, ки муаллиф ҳамаи ҷузъиёти ин мавзӯъро ба тамошобин рӯшан накардааст.

Вай гуфт, хуб мешуд агар муаллиф на як рӯзи оддии ҷӯгидухтар, балкӣ рӯзи таваллуд ё рӯзи нахустини мактабравиашро ба тамошобин нишон медод. Ба гуфтаи вай, он вақт тамошобин ҷузъиёти бештаре аз зиндагии ин намояндаи аққалияти миллиро тамошо карда, дар бораи ин қавм иттилои бештаре мегирифт.

Аммо Шоҳҷамшед Умарӣ, коргардони дигари ҷавони мустанадсози тоҷик бар ин назар аст, ки ин филм ба эҳсосоти инсони шахс нохун мезанад. Зеро, ба эътиқоди ин коргардони ҷавони тоҷик, ҷӯгиҳо низ сокини ин сайёра ҳастанд ва мисли дигар сокинони олам ба зиндагии комилҳуқуқ ҳаққ доранд. Ба ин хотир, баъд аз тамошои ин филм инсон ба эҳсоси ҳамдардиву ҳазёнӣ гирифтор мешавад.

Вай гуфт, таҳияи ин филмро барои духтараке, ки аз дарси синамосозӣ бархӯрдор нашудааст, олӣ арзёбӣ мекунад. "Набояд фаромӯш кард, ки ин нахустин таҷрибаи филмсозиии Таҳмина Ҳакимова мебошад",-афзуд вай.

Ҷашнвораи филмсозони ҷавони тоҷик

Аниса Собирӣ аз мубтакирони ин ҷашнвора гуфт аз тамошои нахустин филми мустанади Таҳмина Ҳакимова бархӯрди занона ба мушкилии ақалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистонро эҳсос кард ва мехоҳад ин филмро дар ҷашнвораҳои байналмиллалии синамо ба намоиш гузорад. Дар посух ба ин савол, ки чӣ омиле ӯро водор ба таъсиси ҷашнвораи филмсозони ҷавони тоҷик кардааст, хонум Собирӣ гуфт, ки хостааст зарфият ва нигоҳи ҷадиди филмофарони ҷавони Тоҷикистонро ба намоиш гузорад.

Аниса Собирӣ.
Аниса Собирӣ.

Зимнан, сафорати Бритониё дар Тоҷикистон баргузории ин ҷашнора ва таҳияи филмҳои коргардонҳои ҷавони тоҷикро сармоягузорӣ кардааст. Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасмими кишвараш барои ихтисоси маблағ ба синамогарони ҷавони тоҷикро шарҳ дод.

Ӯ аз ҷумла гуфт, "ман аз офаридаҳои Аниса Собирӣ ба ваҷҳ омадам ва тасмим гирифтам филмсозии коргардонҳои ҷавони тоҷикро сармоягузорӣ кунем. То ҳол Бритониё филмофарии хонум Собирӣ ва сафарҳояш барои ширкат дар ҷашнвораҳои байналмиллиро сармоягузорӣ кард. Шахсан бароям муҳим аст, ки ҷаҳониён филми тоҷикиро тамошо кунанд. Вале медонам, ки коргардонҳои ҷавон барои таҳияи филми худ маблағ надоранд. Ба ин далел, ҳукумати Бритониё ба коргардонҳои ҷавони тоҷик кӯмаки молӣ мекунад".

Ба гуфтаи Аниса Собирӣ дар оғози эълони баргузории ҷашнвораи филмҳои коргардонҳои ҷавони тоҷик аз 56 нафар дархости ширкат омадааст. Аммо баргузоркунандаҳо танҳо 7 нафар коргардонҳоро интихоб карда, тӯли ду моҳ мутахассисони филмсозӣ ба онҳо дарс додаанд.

Сипас, сафорати Бритониё барои таҳияи филм ба ҳар яке аз онҳо як ҳазор долларӣ маблағ ихтисос додааст. Аммо, филмсозон бо изофаи маблағу имкониятҳои шахсиашон ин филмҳоро таҳия карда, ба тамошобинон пешниҳод кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди соҳибназарон, тӯли чанд соли ахир арсаи филмсозии тоҷик ба чанд далел ба мушкилоте рӯбарӯ шудааст, ки камбуди маблағ ва набудани филмномаҳои арзанда аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG