Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тcell: "Мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳо аз мо вобаста нест" ВИДЕО


Ширкати Тселл (Тcell) бо пахши як огоҳӣ эътироф кард, ки аз шоми 20-уми ноябр ба ин тараф муштариён барои дастрасӣ ба интернет ва гуфтугӯи телефонӣ мушкил доранд. Дар огоҳинома гуфта шудааст, “мушкил бо сабабҳое, ки ба ширкат вобаста нест, пеш омад” ва феълан талошҳо барои бартараф кардани он ҷараён дорад.

  • Ширкати Тселл, ки беш аз 2 миллион муштарӣ дорад, ҷузъиёти “мушкил”-ро шарҳ надодааст. Инчунин, маълум нест, манзури онҳо аз “сабабҳои новобаста аз ширкат” чист.
Эркаев гуфт, сабаби пеш омадани ин мушкилро “бояд Хадамоти алоқа бидонад”, вале дар ин муассиса аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.

Ширкат гуфт, 300-мегабайтӣ медиҳад

Олга Завялова, як масъули робита бо ҷомеаи ширкати Тселл, дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳоро "муваққатӣ" номид ва гуфт: "Як мушкили муваққатии дастрасӣ ба интернет ва зангҳои байнишабакавӣ пеш омад, ки дар фурсати кӯтоҳ бартараф шуд. Ҳамаи муштариҳо барои ин нороҳатиҳо ҷуброн хоҳанд гирифт".

Аксар муштариҳои ширкати Тселл гуфтанд, рӯзи сешанбе дар оғоз дастрасӣ ба интернет мушкил шуд ва сипас занг задан ба муштариёни ширкатҳои дигари мобилӣ имконнопазир гардид. Муштариёни ширкати Тcell феълан метавонанд танҳо ба соҳибони симкортҳои ин ширкат занг зананд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Интернети Тселл чаро гум шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Дар ҳамин ҳол, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа шикоят доранд, ки як рӯз боз наметавонанд ба муштариёни ширкати Тcell занг зананд.

Ин мавзӯъ боис ба нигаронии бисёриҳо дар дохил ва хориҷи кишвар шуд ва аксари ин интиқодҳо аз сифати хадамот дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос шудаанд. Зимнан, масъулини ширкати мухобиротӣ ба муштариҳо ваъда додаанд, ки баъди ҳал шудани мушкил ба ҳар кадоме аз онҳо 300-мегабайтӣ интернет ва 50-дақиқаӣ сӯҳбатҳои иловагии мобилӣ подош хоҳад дод.

"Ҳатто ба call-center занг зада намешавад"

Дилшод, сокини шаҳри Душанбе, муштарии Тcell аст. Ӯ мегӯяд, аз дирӯз ба ин сӯ наметавонад бо волидонаш дар Хуҷанд дар тамос шавад. “Ҳатто ба сall-center занг зада намешавад. Одам ҳайрон мемонад, ки дигар чӣ кор кунад”, - гуфт ӯ рӯзи 21-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ширкат мегӯянд, шикояти муштариҳо воқеан ҳам зиёд аст ва гоҳе ба “ба як оператор 900 муштарӣ рост меояд ва аз ин хотир тамос гирифтан бо онҳо хеле душвор аст”.

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Tcell бори аввал нест, ки бо чунин мушкил рӯбарӯ мешавад. Ӯ изҳори умед кард, ки маҳдудият ба зудӣ рафъ мегардад.

"Сабаби мушкилро бояд Хадамоти алоқа донад"

“Ширкат бояд дар назар медошт, ки чунин ҳолатҳо рух медиҳанд ва барои ин бояд хидматрасониҳои дигарро ҷорӣ мекард”, - афзуд ӯ. Эркаев гуфт, сабаби пеш омадани ин мушкилро “бояд Хадамоти алоқа бидонад”, вале дар ин муассиса аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе мусоҳибони Радиои Озодӣ вуҷуди “рақобати носолим” дар бозори мухобироти Тоҷикистонро сабаби аслии дучори мушкил шудани ширкат арзёбӣ мекунанд.

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои ҷадид гуфт, намешавад мушкилро ба таври умум ба бахши алоқа рабт дод. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, провайдерҳои дигар дар Тоҷикистон барои дастрасӣ ба интернет мушкил надоранд. Ба гуфтаи ин коршинос, "ба эҳтимоли зиёд шояд ширкати "Тселл" бо мақомоти Хадамоти алоқа мушкиле доранд."

Як ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ аз ширкати мухобиротии дигари фаъол дар Тоҷикистон ҳам гуфт, "ба эҳтимоли ғолиб мушкили байни Хадамоти алоқа ва ширкати Тселл аст. Қатъи дастрасии ширкат ба интернет як ҳолати муваққатӣ аст."

Тcell аз зумраи ширкатҳои пештози бозори мухобироти Тоҷикистон аст, ки аз 8 миллион муштарии хадамоти мухобиротӣ беш аз 30 дар сади онҳоро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG