Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғафс кардани лаб дар Тоҷикистон -- мӯд ё зебоипарастӣ? ВИДЕО


Бархе аз духтарон дар Душанбе лаби ғафсро як ҷузъи аслии зебоӣ медонанд. Агар чанд сол қабл дар ин ҷо тағйир додани шакли лаб ва ғафс кардани он барои бисёриҳо ҳайратовар буд, ҳоло "як кори маъмул ва ҳатто муд шудааст.

  • Пизишкон мегӯянд, тарзи бе ҷарроҳӣ тағйир додани чеҳра ва махсусан лаб бештар миёни духтарони аз 18 то 30-сола мушоҳида мешавад.

Шоира Пӯлодова, фаъоли шабакаи "Инстаграм" яке аз нахустин духтарон дар Душанбе аст, ки 5 сол пеш шакли лаби худро тағйир дод ва ғафс кард. Шоира Пӯлодова дар Амрико таҳсил кардааст, дар бораи ин равиши бе ҷарроҳии тағйири лаб, он ҷо огоҳ шуд. Пас аз бозгашт лаби худро тағйир дод. Он замон ин амали ӯро атрофиён хуб напазируфтанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ғафс кардани лабҳо - талоши духтарон барои зебо кардани чеҳра
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:33 0:00

"Чандон дардноку ваҳшатнок нест"

"Вақте бори аввал шакли лабамро тағйир додам, вокунишҳо аз ҷониби атрофиҳо хуб набуд. Мисли ҳамеша мегуфтанд, чаро ин корро кардӣ? Ту бе ин ҳам зебо ҳастӣ. Фикр намекунам, ки тағйирот хеле зиёд буд, вале наздикону дӯстон ин тағйирро дар ман хуб қабул накарданд", - афзуд ӯ.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Шоира Пӯлодова, ӯ талошҳояшро барои зеботар кардани чеҳра ва, ҳамин тавр, лаби худ идома медод. Тағйири лаб ҳам танҳо амале нест, ки ӯ барои зебо кардани ҳуснаш анҷом медиҳад. Барои пешгирӣ кардан аз ожангҳои хурд ва тоза кардани рӯй пайваста ба чеҳраи худ сӯзандору мекунад.

Шоира Пӯлодова.
Шоира Пӯлодова.

"Чандон дардноку ваҳшатнок нест. Пас аз 3-4 сол, вақте тамоми ҷаҳон дар ин бора сӯҳбат мекард, баъд дӯстонам барои тавсия ба назди ман меомаданд. Ҳоло ин як навъ муд шудааст, ҳатто духтароне ҳам, ки шакли лабашон хуб аст, кӯшиш мекунанд аз дугонаҳои худ ақиб намонанд. Мисли инки ҳама "Айфон" доранд ва ман ҳам мехоҳам дошта бошам", - нақл кард ӯ.

"Занони хонашин ҳам ба ин корвон пайвастанд"

Шоира мегӯяд, қабл аз он, ки шакли лабашро тағйир диҳад, аз интернет маълумот гирифта ва бо пизишкон машварат кардааст. Ба қавли ӯ, ҳоло тиб хеле рушд кардааст ва ворид кардани тағйирот дар чеҳра ё афзоиш додани лабу мижгону абрӯ ҷойи бадӣ надорад.

Робия Аҳмадова, пизишки тоҷик, ба тағйири чеҳраву лаби духтарон машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан шахсиятҳои маъруф ва ровиёни телевизион барои тағйири рӯ ва афзоиши лабу мижгонҳо муроҷиат мекарданд, ҳоло муштариёнашон аз ҳисоби ҷавонон ва махсусан занони хонанишин зиёд аст.

Робия Аҳмадова.
Робия Аҳмадова.

Робия Аҳмадова мегӯяд, занони хонанишин ҳам акнун мисли занони коргар талош мекунанд, барои писанд омадан ба шавҳарони худ ба намуди зоҳириашон таваҷҷуҳ кунанд ва ё тағйирот ворид намоянд.

Ӯ афзуд, "равиши бе ҷарроҳии тағйир додани чеҳра аз серталабтарин усулҳост. Бештар аз ҳама ба лаб таваҷҷуҳ зиёд аст. Лаб аслан як узви дилфиреб ва чашмрас дар чеҳра аст. Бо тағйир додани он дар симои шахс ҳам тағйироти зиёд рух медиҳад. Маҳз барои ҳамин, ҷавонони мо хеле мехоҳанд лабҳои худро тағйир диҳанд".

"Кӯшиш мекунам, баъзеҳоро аз ин роҳ гардонам"

Аммо аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин мутахассис, ин амалҳо барои бархе аз духтарон як навъи одату вобастагӣ ҳам шудааст ва бо вуҷуди талошҳои мутахасисон, духтарон намехоҳанд аз тасмими худ пас гарданд. "Агар Шумо 2 ё 3 соат бо ман дар инҷо монед, мебинед, ки ба наздам духтарони зиёде меоянд. Бархеи онҳо хеле зебо ҳастанд, аммо фикр мекунанд, ин кофӣ нест. Яъне, ҳар бор мехоҳанд чизеро иваз кунанд. Кӯшиш мекунам, баъзеи онҳоро аз роҳашон гардонам, аммо розӣ намешаванд", - мегӯяд Робия Аҳмадова.

Зебоигароӣ ё афзоиши таваҷҷӯҳ барои тағйир додани чеҳра бо истифода аз роҳҳои бе ҷарроҳӣ ҳам бозори ба истилоҳ косметологҳоро дар Душанбе гарм кардааст. Арзиши афзоиш додан ё бузург кардани лаб аз 100 то 250 доллар аст.

Ҳоло ин амалиёт бо истифода аз "ботекс", туршӣ ва ё кислотаи гиалурон анҷом дода мешавад. Шоира Пӯлодова мегӯяд, ин амалро ҳатто онҳое ҳам пешниҳод мекунанд, ки мутахассиси ин кор нестанд. Дар натиҷа муштариён ба ҷои зебоӣ, ба худ дарди сари нав мехаранд.

"Пас, фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?"

Мусоҳиби мо Шоира Пулодова, мегӯяд, духтарон бояд дар интихоби мутахассисон хеле ҷиддӣ ва эҳтиёткор бошанд. "Агар ба Шумо нархи арзонтар аз инро пешниҳод кунанд, ба фикрам бояд фикр кунед. Чун ин дору метавонад хуб набошад", - афзуд ӯ.

Дар шароите, ки бисёриҳо барои ислоҳи ҳунари табиии сураташон ба ороишгоҳҳо рӯ оварда, баробар бо зебоӣ ба қавле эътимод ба нафси худро боло мебаранд, бархе равоншиносон мегӯянд, "зебоигароӣ ҳам ҳудуд дорад".

Мавзуна Иноятова, корманди як маркази зебоӣ дар пойтахт.
Мавзуна Иноятова, корманди як маркази зебоӣ дар пойтахт.

Хоҳиши пайравӣ ба шахсиятҳои маъруф ва бо ҳадафи зеботар кардани чеҳраи худ тағйир додани лабу абрӯ ва дароз кардани мижгон боис шуда, ки ба гуфтаи бархе аз мардон ҳоло чеҳраҳои аксар занон якранг ба назар мерасанд.

Мавзуна Иноятова, корманди як маркази зебоӣ дар пойтахт мегӯяд, “ҳар одам бояд як вижагии худро дошта бошад. Набояд чеҳраҳо якранг бошанд. Ин табиӣ ва зебо ба назар намерасад. Фикр мекунам, духтарон бисёр ба ягон ситора пайравӣ мекунанд ва мехоҳанд, шакли лабу бинӣ ё абрӯяшон ба онҳо монанд бошад. Бигзор тағйирот ворид кунанд ва зебопараст бошанд. Аммо ин корро бо меъёр ва барои худашон мувофиқ анҷом диҳанд. Дар ин сурат тағйирот ҳам табиӣ ва зебо ба назар мерасад."

Истифода аз "ботокс" ё дигар кардани шакли лабро бидуни ҷарроҳӣ мутахасисон аслан ба онҳое тавсия медиҳанд, ки лабҳои хурду борик доранд ё атрофи даҳонашон ожангҳои хурд ба назар мерасад. Аммо аксар духтарону занони зебоипарасти тоҷик мегӯянд, ҳоло замона дигар аст ва бояд қолабшиканӣ карду ҳамқадами замона буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG