Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, ба парвозҳои мунтазам байни ду кишвар оғоз бахшад, сурат нагирифт.
Пайвандони Шамил Мустақимзода, ҷавони гумонбар ба ҳамла ба як корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия, иттиҳоми мақомотро нисбат ба ӯ "боварнокарданӣ" донистанд.
Пайвандони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки пас аз ихроҷ аз Русия дар Душанбе дастгир шудааст, гуфтанд, бо гузашти ду рӯз ҷойи нигоҳдории ӯро намедонанд.
Эълони барқарор шудани парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия даҳҳо нафарро ба назди дӯконҳои чиптафурӯшии шаҳри Душанбе овардааст. Сокинон, ки бештарашон муҳоҷиронанд бо умеди бозгашт ба Русия барои хариди чипта меоянд, вале ноумед бармегарданд.
Додгоҳи Душанбе мардеро барои зиндагӣ дар хонаи ҳамсари собиқаш маскун кардааст.
Бастаҳои аввалини AstraZeneca, ваксинаи зидди коронавирусро шоми 8-уми март аз Деҳлӣ ба Тоҷикистон оварданд. Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки дар навбати аввал пизишкон (табибон) ва сокинони синнашон аз 60 боло эм карда хоҳанд шуд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар рӯзи 8-уми март ба дидани қаҳрамони достони видеоии “Бибиҷон” рафтанд. Сумбула Ятимова, ки як сол пеш аз кори машаққатбори роҳрӯбӣ қисса мекард, ҳоло шод аст, ки таваҷҷуҳ ба кору заҳмати онҳо ҳам аз сӯйи корфармо ва ҳам аз тарафи мардум бештар шудааст.
Нархи як литр бензин дар Тоҷикистон аз марзи 8 сомонӣ гузашта, боис ба нороҳатии ронандаҳо шудааст. Ду ҳафта пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди 7 сомониву 20 дирам буд. Нархи гази моеъ низ аз аввали сол дувоздаҳ дарсад гарон шудааст.
Вакилони порлумон дар Тоҷикистон ба гирифтани 105 миллион доллар қарзи биловаз ё бебозгашт аз Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) иҷозат доданд, вале шарти муомиларо нагуфтанд.
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷикро, ки дар 86-солагӣ даргузашт, рӯзи 2-юми март дар оромгоҳи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе дафн карданд.
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷикро, ки рӯзи якуми март дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе дафн карданд.
Додгоҳи шаҳри Ҳисор Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ба 6 сол зиндон маҳкум кардааст. Мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор аст. Пайвандонаш ҳукми додгоҳро беасос донистанд.
Масъулини ширкати IRS -- масъули нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мегӯянд, баъди ҳашт соат ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ дубора оғоз шудааст.
Бар асоси тарҳи нави қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" акнун солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб мешаванд ва хоҳишмандоне, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, метавонанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Назари сокинон дар ин бора.
Солгарди таъсиси артиши миллии Тоҷикистон дар рӯзи 23-уми феврал имсол баъд аз қабули қонуни нави хизмати ҳарбӣ таҷлил мешавад. Санаде, ки бори аввал шеваи нави хизмати ҳарбиро пешбинӣ кардааст.
Кумитаи андози Тоҷикистон аз блогерҳои тоҷик даъват кардааст, ки агар то 1‑уми апрели имсол дар бораи фаъолияташон эъломия пешниҳод накунанд, нисбаташон чора мебинанд.
Мақомоти тоҷик аз коҳиши бесобиқаи вуруди сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар доданд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як соли гузашта омадани сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон то 47 дарсад кам шудааст.
Ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки ҳукумат соли гузашта ҳудуди 5 миллиард сомонӣ қарзи ин ширкатро дар назди вазорати молия бахшидааст.
Ёфтҳои бештар