Пайвандҳои дастрасӣ

Як иди дигар гузашт, аммо баҳси "идгардак" дар Тоҷикистон монд. ВИДЕО


Намози ид дар масҷиди марказии Душанбе, 20-уми июли 2021

Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусалмон ҳастанд, 20-уми июл дувумин Иди Қурбонро дар шароити пандемия ҷашн гирифтанд. Мақомот ба фарқ аз соли гузашта ба хондани намоз иҷозат доданд, аммо ба баргузор нашудани идгардаки кӯдакон пойфишорӣ доштанд. Баъзе аз сокинон мепурсанд, ки "идгардак" сабаби паҳншавии бемории ҳамагир мешавад, "маршировка" не?

"Ба озодиҳои мардум эҳтиром дорем, вале..."

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, гуфт, аз раиси ҷумҳурӣ дастур гирифта буданд, ки ҳангоми намози ид қоидаҳои беҳдоштиро риоя мекунанд.

“Мо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро риоя мекунем, бигзор ибодаташонро анҷом диҳанд. Лекин барои давлат миллати солим лозим аст. Тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ ниқобҳои тиббӣ ва фосилаи иҷтимоӣ риоя шавад”, -- афзуд муфтии Тоҷикистон.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар чанд масҷиди кишвар нишон дод, ки қоидаҳои беҳдоштӣ зимни баргузории намози ид чандон риоя намешавад. Намозгузорон паҳлӯи ҳам зич истода, бархе ниқоби тиббӣ надоштанд, агарчӣ дар даромадгоҳи масҷиди марказии Душанбе ба намозгузорон ниқоби тиббии бепул медоданд.

"Ин таваккал нест, бепарвоӣ аст"

Танҳо риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ дар масҷидҳо нест, ки боис ба нигаронии мақомот шудааст. Масъулини Шӯрои уламо гуфтанд, ташвиши аслии онҳо аз хона ба хона гаштани сокинон дар рӯзи Иди Қурбон ва рӯзҳои оняда аст, ки метавонад сабаби паҳншавии коронавирус шавад, бавижа идгардаки кӯдакон.

“Агар вабо нест, бигзор кӯдакон ҳарчи қадар мехоҳанд, хушҳолӣ кунанд. Вале бо назардошти вазъият бояд эҳтиёткор бошем. Мутаассифона бисёре аз мусалмонҳо таваккалро бепарвоӣ медонанд ва “таваккалашро ба Худо кун, равад” мегӯянд. Ин таваккал нест, балки ғафлат ва бепарвоӣ аст”, -- афзуд ӯ.

Навор аз лаҳзаҳои ид дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар:

Таҷлили Иди қурбон дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Бори аввал нест, ки мавзӯи идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон баҳс мешавад. Дар гузашта низ баъзе мансабдорон тарафдори пурра аз байн бурданш буданд, ҳарчанд сокинон хилофи урфу одат медонанд ва мегӯянд, набояд кӯдаконро аз хурсандиашон маҳрум кард.

Чандин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, “идгардак мероси қадимаи тоҷикон аст ва бигузор бошад”

“Идгардак” ва “маршировка” дар паллаи тарозу

Маҳмадамин Аминов, як корбари Фейсбук навиштааст, “Шӯрои уламо дигар кор наёфтанд, ки даст ба идгардаки кӯдакони бегуноҳ задаанд? Хурсандии кӯдаконро нагиред. Рӯзи ид бояд симои идона дошта бошад.”

Саломат Ёдгорова, корбари дигари Фейсбук ҳам навиштааст, чаро мақомот идгардаки кӯдаконро зери назорат гирифтаанд, вале дар бораи маршировка фикр намекунанд, ки метавонад боис ба паҳншавии беморӣ шавад. “Иди харбузаву помидору кадуву асалатонро барои чӣ аз байн намебаред? Танзим фақат барои Иди Рамазону Иди Қурбон аст?” - пурсидааст ин корбар.

Талоши мақомот барои танзими идгардак феълан дар сатҳи даъват аст ва мушоҳидаи мо дар хиёбони Душанбе нишон дод, ки касе монеи кӯдакону наврасон намешуд.

Иди Қурбон дар ҳоле таҷлил шуд, ки Вазорати тандурустӣ гуфт, рӯзи 19-уми июл коронавирус ба 52 кас сироят кардааст. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир дар Тоҷикистон 14177 кас бемор шуда, 97 дарсад шифо ёфтаанд ва 112 кас ҷони худро аз даст додаанд, вале шубҳаҳо ба дурустии омор ҳамчунон боқист.

Ҳар рӯз чандин нафар аз бемориву марги наздикони худ бар асари коронавирус ё касалиҳои монанд ба он хабар медиҳанд. Мақомот на ҳамаи ин мавридҳоро мепазиранд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG