Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 ё 300 ҳазор сомонӣ? Баҳси адад ва адолат дар қазияи милисае, ки дар Панҷ кушта шуд


Меҳроншоҳ Ҷумъаев

Пайвандони Насим Амирзода, афсари милисае, ки дар куштани ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаев гунаҳкор дониста шуд, шикоят доранд, ки ҷониби дигари баҳс аз онҳо беасос 300 ҳазор сомонӣ талаб дорад. Наздикони афсари фавтида ин иддаоро беасос дониста, гуфтанд, талаби онҳо аз додгоҳ буд, на аз наздикони Амирзода.

"Мо ин миқдор пул надорем"

Ҳалим Аҳмадов, бародари Насим Амирзода, мегӯяд, бар асоси қарори додгоҳ онҳо бояд ба тарафи дигар 100 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозанд. Вале ба иддаои ӯ, наздикони афсари кушташуда, на 100, балки 300 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб доранд.

"Насибаш ҳамин будааст, аммо мегӯянд, ки танҳо бо пардохти ҳамин миқдор маблағ аз идомаи баҳс даст мекашанд. Мо ин миқдор пул надорем", -- мегӯяд Ҳалим Аҳмадов.

Наздикони афсари кушташуда даъвои Ҳалим Аҳмадовро рад карданд. Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари кушташуда, мегӯяд, ҷониби дигар пас аз он ки маҳкумшударо озод карданд, ба туҳмат пардохт, то дигар ба мақомот шикоят набаранд.

"Ин талаб танҳо аз додгоҳ шуда буд, ки аз ҳисоби қотил ба манфиати ҷабрдида 300 ҳазор рӯёнида шавад, ин даъво дигар нест. Суд танҳо 100 ҳазорашро қонеъ гардонд. Даъвои судии мо дар зинаи назоратии вилояти Хатлон аст. Мо онҷо муроҷиат кардем", -- шарҳ дод ӯ.

Хешовандони Меҳроншоҳ ҷазои гунаҳкори марги ӯро сабук меноманд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Талаб аз Додгоҳи Хатлон

Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон моҳи майи имсол Насим Амирзода, донишҷӯйи соли чаҳоруми бахши ғоибонаи Академияи Вазорати корҳои дохилиро барои "куштор аз беэҳтиётӣ"-и ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаев ба се сол зиндони сукунатӣ маҳкум кард.

Ҷумъаев гуфт, онҳо феълан аз Додгоҳи вилояти Хатлон талаб доранд, ки ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ ва таъиноти зинаи кассатсиониро бекор кунад.

Дар қарори Додгоҳи ноҳияи Панҷ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, омадааст, ба хотири аз ҷониби ҷабрдида рӯёндани 300 ҳазор сомонӣ ягон далели боэътимод оварда нашудааст ва аз ин рӯ додгоҳ даъворо рад кард. Вале додгоҳ ҷониби гунаҳкорро муваззаф кардааст, ки ба тарафи ҷабрдида ба хотири аз даст додани фарзандашон 100 ҳазор сомонӣ ҷуброн диҳад.

Баҳс сари адад ё адолат?

Пайвандони Амирзода мегӯянд, аз ҳукми додгоҳ розиянд ва маблағи ҷубронро ҳам пардохт хоҳанд кард. "Вақте бародарам гуноҳро ба гардан гирифту ҳукм баромад, додрас 100 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб кард, гапи онҳо дигар шуд. Онҳо мегӯянд, мо бояд 300 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозем ва дар сурати надодани ин маблағ то ба Додгоҳи олӣ низ шикоят мебаранд", - мегӯяд Ҳалим Аҳмадов

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев мегӯянд, на бо сабаби ин адад, балки куллан ҳукми додгоҳи зинаи аввалро "ноодилона" хонда, бозбинии онро талаб доранд.

Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт. Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май гумонбарро бар асоси моддаи "куштор аз беэҳтиётӣ" гунаҳкор донист, вале пайвандони Меҳроншоҳ инро қабул надоранд ва ҷазо нисбат ба ӯро "хеле сабук" медонанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 9-уми июн шикояти наздикони афсари кушташудаи милисаро дар ноҳияи Панҷ рад карда, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев ҳоло ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят бурдаанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG