Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикояти наздикони Меҳроншоҳро напазируфт, ҳукм бетағйир монд


Меҳроншоҳ Ҷумъаев моҳи феврал дар ҷойи кораш кушта шуд
Меҳроншоҳ Ҷумъаев моҳи феврал дар ҷойи кораш кушта шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон шикояти наздикони як афсари кушташудаи милисаро дар ноҳияи Панҷ рад карда, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро "ноодилона" хонда, бозбинии онро талаба карда буданд.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 9-уми июн Коллегия дар мавриди парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи вилояти Хатлон, шикояти кассатсионии онҳоро баррасӣ карда, вале онро напазируфт.

Ҷумъаев мегӯяд, онҳо аз ин қарор розӣ нестанд ва ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебаранд.

Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт.

Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май Насим Амирзодаро дар қатли Меҳроншоҳ Ҷумъаев гунаҳкор шинохта, ӯро ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG