Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз кор ронданд, вале фармонро надоданд". Чӣ гуна Рӯзигул "муаллақ" монд? ВИДЕО


Рӯзигул Бурҳонова
Рӯзигул Бурҳонова

Рӯзигул Бурҳонова расман мудири “Ёрии таъҷилӣ” дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, аст, аммо амалан наздик ба ду сол боз наметавонад ба кор баргардад ё фармони аз кор рафтанашро бигирад.

Ӯро баъд аз шикояти ҳамкорон ва тафтиши додситонӣ бо қарори раиси Бохтар аз вазифа барканор карданд. Дар қарор аз 3-юми июли соли 2019 гуфта шудааст, “муваққатан аз вазифа дур карда мешавад”.

Аммо Бурҳонова ҳоло аз он шикоят дорад, ки то ҳол сарнавишташ норӯшан монда, касе ба қазияи ӯ таваҷҷӯҳ намекунад. “Ҳозир дар маркази “Ёрии таъҷилӣ” шахси сеюм кор карда истодааст, лекин маро на аз вазифа озод карданд, на бо кор таъмин карданд. Муаллақ мондам. Ду ҳафта пеш муовини якуми раис гуфт, ки даъвои маро мерасонад, аммо то ҳол касе даъват накард”, -- афзуд ӯ.

Мушкил дар кори Рузигул баъд аз он шурӯъ шуд, ки зердастонаш дар мавриди ҷамъоварии маблағ ба зидди ӯ шикоят карданд. Додгоҳ ӯро барои азхуд кардани 10 ҳазор сомонӣ гунаҳкор донист, вале бар асоси қонуни афв аз пардохти ҷарима озод кард.

Вай мегӯяд, барои ободонии муассиса маҷбур буд, ин корро кунад, аммо иддао дорад, ки пулҳоро ба манфиати худ харҷ накардааст. Ҳоло мехоҳад, тибқи қонун мавқеъ ё ҷойгоҳи ӯро муайян кунанд, то ё ба кори пешинаи худ баргардад ё аз пайи кори дигар шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Аз кор ронданд, ё наронданд? Сарнавишти муаллақи табиби тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Ҳамкорони собиқи Рӯзигул Бурҳонова аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд. Дар ҳукумати Бохтар зимни як тамоси телефонӣ гуфтанд, аз ин қазия чанд сол гузаштааст ва дар ин муддат аксари роҳбарон иваз шудаанд.

Дар посух ба шикояти Рӯзигул Бурҳонова барои барқарор кардан ба ҷойи кор пас аз як соли ин ҳодиса, додгоҳи шаҳри Бохтар гфтааст, "мӯҳлати муроҷиат ба суд оиди барқарор кардан ба ҷойи кор беасос гузаштааст."

Ҳуқуқшиносон бар инанд, ки агар зан барои дифоъ аз ҳуқуқи худ саривақт чораандешӣ мекард, шояд кор ранги дигар мегирифт.

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

“Муваққатан аз кор дур кардан яке аз чораҳои пешгирӣ мебошад. Баъд аз он ки ҳукми суд мебарояд ва шахс аз вазифаи ишғолкардааш маҳрум карда намешавад, бояд ба корфармои худ муроҷиат кунад. Гӯяд, ки нисбаташ ҳукм бароварда шудааст ва бояд ба ҷойи кораш барқарор шавад”, -- шарҳ дод ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев.

Аммо Бурҳонова мегӯяд, ба далели хуруҷи коронавирус ва маҳдудиятҳо дар кишвар он замон натавонист барои исботи бегуноҳӣ ва талаби ҳаққи худ мубориза барад. Ӯ ҳоло танҳо бар он меандешад, ки кай ба назди беморон бармегардад? Суоле, ки на худаш ва на мақомот ба он посухи рӯшан надоранд.

XS
SM
MD
LG