Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Ба суратҳисоб пул ворид нашуд. Раҷаби Мирзо: 10 ҳазор сомонии мо куҷо шуд? ВИДЕО


Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон

Ба суратҳисобе, ки Вазорати молияи Тоҷикистон барои кумак ба осебдидагони муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон боз карда буд, "пул ворид нашудааст".

Ин суратҳисобро се моҳ пеш, замоне кушоданд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақилона ба ҷамъоварии ёрӣ дасту остин барзада буд. Мақомот аз сокинон хостанд, хайрияи худро на ба гуруҳҳои алоҳида, балки ба суратҳисоби махсус гузаронанд. Иддае кумакҳои худро пас гирифтанд, вале баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ба суратҳисоби вазорат низ маблағ гузаронданд.

Вазир: Маблағ кам ворид шуд. Муовинаш: Умуман ворид нашуд

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, пас аз кушодани суратҳисоби махсус аз созмонҳои байналмилалӣ низ хостанд, ки ба осебдидагони муноқишаи марзӣ ёрӣ расонанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 2-юми август дар нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон дар бораи чӣ қадар ворид шудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқиша ва дар куҷо харҷ шудани он посухи рӯшан надод. Вай танҳо гуфт, “маблағи воридшуда он қадар зиёд нест.”

Бинои Вазорати молия
Бинои Вазорати молия

Аммо Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, дар посух ба суоли хабарнигоре гуфт, "то имрӯз ба суратҳисоб маблағ ворид нашудааст".

Муовини аввали вазири молия дар ҳоле аз ворид нашудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ хабар дод, ки баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баръакси инро мегӯянд.

Афроди саховатманд ба вазорати молия эътимод надоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Раҷаби Мирзо: 10 ҳазор сомонӣ гузарондем

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва масъули гуруҳи “Ахбор барои афкор” дар Фейсбук баъд аз нашри хабари Вазорати молия пурсид, “пас, 10 000 сомонии воридкардаи мо куҷо рафт?”

Ӯ, ки яке аз созмондиҳандагони маъракаи ҷамъоварии маблағ барои осебидидаҳо дар марз буд, расид (чек)-и пардохти 10 ҳазор сомониро ҳам ба Радиои Озодӣ фиристод.

Талошҳои ин рӯзноманигор ва намояндагони созмони "Насли навини тоҷикон" дар Амрико барои ҷамъоварии кумак дар моҳи майи имсол ноком шуд. Дар пайи эълони Вазорати корҳои дохилӣ ва “суҳбат” бо созмондиҳандагони маъракаи кумак, Раҷаби Мирзо аз мардум пурсид, маблағи ҷамъшударо чӣ гуна харҷ кунанд?

Бисёре аз корбарон, ки барои зарардидагон кумак карданд, хоҳиши бозпас гирифтани маблағашонро карданд.

Оё сабаб нобоварӣ буд?

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо мегӯяд, нобоварӣ боис шуд, ки мардум аз гузарондани маблағи хайрия ба суратҳисоби Вазорати молия худдорӣ карданд: “Барои он ки пеш аз ин ҳам буд, масалан дар масъалаи коронавирус кумакҳое ҳам карда буданд. Вале чун диданд, ки ҳисобот намедиҳанд, шаффофият нест, барои ҳамин мардум нобоварӣ карданд.”

Рӯзноманигор афзуд, барои аз байн бурдани нобоварӣ бояд шаффофият таъмин шуда, аз таҷрибаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истифода шавад.

Соли гузашта ҳукумати вилояти Бадахшон ҳамарӯза тавассути телевизиони маҳаллӣ ба сокинон гузориш медод, ки пулҳои ҷамъшуда барои мубориза бо коронавирус дар куҷо сарф шуданд. “Мардум ҳам мутмаин буд, ҳар пуле, ки ворид мешавад ба ин ҳисоб ба куҷо сарф мешавад ва ин боварии мардумро меафзуд”, -- гуфт Раҷаби Мирзо.

Вазир: хонаҳои сокинони зарардида сохта шуд

Бо ин ҳол, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 2-юми август гуфт, сарфи назар аз кам ворид шудани маблағ ба суратҳисоби махсус, манзили сокинони зарардида дар муноқишаи марзӣ барқарор карда шуд.

Дар муноқишаи хунини охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо манзил аз ҳарду тараф вайрон ва даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд. Аввали моҳи июл мақомоти тоҷик хабар доданд, ки чанд хонаи зарардидаро дубора бунёд карда, ба соҳибонашон доданд.

Мақомоти Тоҷикистон расман зиёни расидаи муноқишаи мусаллаҳонаро дар Исфара баён накарданд. Манобеи Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Суғд ҳисоби пешакии ин зарарро наздик ба 12 миллион сомонӣ, муодили бештар аз як миллион доллари амрикоӣ, гуфтанд.

XS
SM
MD
LG