Пас аз ду соли интизорӣ 25 оилаи деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор, ки сел хонаҳои онҳоро бурд буд, соҳиби сарпаноҳи нав шуданд. Хонаҳо бо дастгирии Бунёди хайрияи Қатар дар наздикии хонаҳои пешина, вале дар маҳалли амн аз фалокатҳои табиӣ сохта шуданд.
Калиди хонаҳоро аввали ҳамин моҳ ба соҳибонашон супурданд. Садафмо Муртазоева, сокини Сурхоб, ки сел соли 2018 хонаашро бурд, ду сол иҷора менишаст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Як квартира гирифта, зиндагӣ кардем. Як ҳафта пеш даъват карда, хонаҳои навро доданд. То ин вақт бо писару келинам ва чаҳор набераам дар квартира будем. Сад бор шукр, ки соҳиби хона шудем.”
Баъди бедодгариҳои сел Бунёди хайрияи Қатар ба ҳукумати ноҳияи Фархор кумак расонд, то барои осебдидагон хона бисозад. Юсуфҷон Раҳмонов, сокини дигари Сурхоб хушҳол аст, ки дар ниҳоят соҳиби сарпаноҳи хусусӣ шуд. Ӯ мегӯяд: “Сокинони деҳаи Сурхоб дар солҳои 2018 ва 2019 аз офатҳои табиӣ зиён диданд, имрӯз соҳиби манзили нав шудем.”
Зарари сел он вақт дар чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Панҷу Фархор, беш аз 19,5 миллион сомонӣ, ё беш аз ду миллион доллар эълон шуд. Тоҷикистон як кишвари куҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ мебошад. Солона дар натиҷаи селу ярч, ё баҳман хонаҳои мардум осеб мебинад ва даҳҳо нафар низ ба ҳалокат мерасанд.
Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши вижае дар бораи таъсири фалокатҳои табиӣ ба Тоҷикистон гуфтааст, ки аз соли 1992 то соли 2016 фалокатҳои табиӣ ба тақрибан 7 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон осеб расонда ва ба иқтисод дар ҳаҷми 1 миллиарду 800 миллион доллар зиён овардааст.
Азбаски ҳукумати Тоҷикистон дар кумак ба мардуми осебдида аксаран оҷизӣ мекашад, созмонҳои хайрия ба кумаки онҳо мешитобанд ва дар рузҳои аввал ва сипас дар барқарори хонаву зиндагӣ кумак мекунанд.
Ҳоло дар дар ҷойи амн ва дур аз хатар сохта шудани деҳаи нав сокинони Сурхобро умедвор кардааст, ки агар сел такрор шавад ҳам, дигар онҳоро бехонаву дарбадар намекунад.