Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 56 ҳазор хонанда дар Хатлон дар мактабҳои "хавфнок" таҳсилро оғоз мекунанд. ВИДЕО


Як мактаб дар вилояти Хатлон

Беш аз 56 ҳазор хонандаи мактаб дар вилояти Хатлон соли нави таҳсилро дар ҷойҳое оғоз хоҳанд кард, ки онҳоро мақомот хатарнок унвон кардаанд.

Видеоро ин ҷо бубинед

Таҳсил дар мактабҳои "хавфнок"-и Хатлон оғоз меёбад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон 119 мактаб дар шаҳру ноҳияи Хатлонро вориди руйхати иншоотҳое кардааст, ки ба онҳо офати табии таҳдид мекунад.

Муродҷон Муҳиддинов, як масъули ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба мақомоти ҳукумати шаҳру навоҳӣ дар ин бора огоҳнома фиристодаанд, ки бояд эҳтиёткор бошанд.

Ин мактабҳо дар ҷое қарор доранд, ки ба онҳо хатари сел таҳдид мекунад ва ё бинобар кӯҳна будани бино ба заминларза тобовар нестанд.

Ҳушдори Кумита ва руйхати мактабҳои осебпазир аз офати табии дар ҳолест, ки моҳи май дар ноҳияи Хуросон сел ду мактабро хароб кард. Сел дар ин ноҳия даҳҳо манзили зистро низ хароб кард, 8 миллион сомонӣ зиён расонд ва се нафарро низ ба ҳалокат расонд.

Замоне, ки ду мактаб дар ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон аз сел хароб шуд, хонандагон ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус дар таътил қарор доштанд.

Мақомот дар вилояти Хатлон мегӯянд, то соле пеш шумораи мактабҳое, ки дар мавзеҳои хатарнок қарор доранд, ба маротиб камтар шудааст. Онҳоро ё ба ҷойи нав кӯчонидаанд ва ё ба ҷойи мактабҳои кӯҳна мактабҳои нав бунёд кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG