Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ба 9 сол зиндон маҳкум шудааст. Сайбурҳон Шарипов, вакили мудофеи Иззат Амон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм баъд аз зуҳри 19-уми октябр эълон шуд.
Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дигарбора гарон шуда, нигаронии сокинонро ба бор овардааст. Намояндагони баъзе аз ширкатҳо гуфтанд, ин нуқтаи охирин нест, чун афзоиши нархи маводи нафтӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон идома дорад. Тоҷикистон сӯзишвориро асосан аз Русия ва Қазоқистон меорад.
Шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки нархи роҳкиро дар ҳама намуд нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт боло меравад.
Кумитаи андози Тоҷикистон аз як созмони иҷтимоӣ талаб дорад, ки шаш дарсад маблағеро, ки аз созмонҳои байнулмилалӣ ҳамчун грант (кумаки бебозгашт) гирифтааст, ба давлат бисупорад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як изҳороти баҳсбарангез гуфт, ҳама сокинони аз 18-сола болои Душанберо (ба истиснои занони ҳомила ва гирифторони бемориҳои ирсӣ) зидди коронавирус эм кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як ҷавонзани 31-соларо бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои бегона ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот Олима Камоловаро ба он айбдор мекунанд, ки ба Афғонистон рафта, дар минтақаи таҳти нуфузи ДОИШ ҷангидааст.
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як зани 31-соларо бо гуноҳи ширкат дар ҷангҳои “бегона” ба зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, Олима Камолова дар минтақаи зери нуфузи ДОИШ дар Афғонистон “ҷангидааст”. Камолова дар додгоҳ ба бегуноҳияш пофишорӣ кард ва гуфт, ҳеч гоҳ дар ҳайати гуруҳҳои тундрав “наҷангидааст”.
Дар Тоҷикистон занеро муҳокима мекунанд, ки чанд моҳ пеш аз зиндони Пули Чархии Афғонистон овардаанд. Олима Камоловаи 31-сола ба иштирок дар ҷангҳои "бегона" гумонбар аст, аммо пайвандонаш бовар доранд, ӯ дар ҳеч даргирӣ иштирок накарда, "қурбонии хостҳои шавҳараш шудааст".
Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, орд ҳам қимат шудааст. Сокинон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе арзиши як халта орд аз 230 то 255 сомонӣ ва дар минтақаҳо то 290 сомонӣ аст. Тоҷирон мегӯянд, боди гаронӣ аз Қазоқистон мевазад.
Муовини раиси ҳукумати "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Пештар президенти Тоҷикистон гуфта буд, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила надоранд, аммо барои ҳалли танишҳо бояд ҳукумати фарогир ташкил карда шавад.
Бо гузашти қариб якуним моҳ, тақдири 143 низомии афғон, ки ба иттилои манобеи расмӣ "бо се ҳавопаймо ва ду чархбол" ба Тоҷикистон фирор карда буданд, номаълум мемонад.
Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, барои озод кардани ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон ёрӣ хостааст. Наргиса Ҷабборова мегӯяд, шавҳарашро “бегуноҳ” умрбод зиндонӣ карданд. Мақомот гуфтанд, барои ӯ аз Русия вакили мудофеъ меоранд.
30 сол пеш, шаби 21 ба 22-юми сентябри соли 1991, ҳайкали Владимир Ленин, бунёдгузори давлати Шӯравиро дар маркази Душанбе канданд. Ин воқеа, ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон, оғози ба ду гуруҳ тақсим шудани ҷомеаи Тоҷикистон ва заминае барои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Дар як маросиме дар шаҳри Душанбе ёди Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистонро гиромӣ доштанд, ки 10 сол пеш ӯро як "қосиди сулҳ"-и Толибон кушт.
Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик бо умеди боз шудани роҳашон ба Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ шуданд. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ марз бастааст ва аз тарафи дигар аз рӯйи ихтисоси худ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳ наёфтаанд.
Як масъули Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" ба расонаҳо гуфтааст, Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳа, дар дохили Афғонистон аст.
Имрон Хон, сарвазири Покистон гуфтааст, пас аз суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, барои ташкили як давлати ҳамашумул дар Афғонистон бо Толибон гуфтугӯро оғоз кардааст.
Баъд аз панҷ соли сардӣ дар равобити Душанбе ва Теҳрон, раиси ҷумҳури Эрон аз оғози фасли тозаи ҳамкориҳо хабар дод.
Ёфтҳои бештар