Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳаи муқовимат: "Аҳмад Масъуд дар Афғонистон аст"


Акси Аҳмад Масъуд дар дасти эътирозгарон дар рӯбарӯи сафорати Покистон дар Теҳрон, 9-уми сентябри 2021

Як масъули Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" ба расонаҳо гуфтааст, Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳа, дар дохили Афғонистон аст. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат, шаби 19-уми сентябр ба телевизиони форсии Би-би-сӣ макони дақиқи будубоши Аҳмад Масъудро нагуфт, аммо ишора кард, ки "ӯ дар ҷойи амн аст".

Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки раҳбарии Ҷабҳаи муқовимат бо “Толибон”-ро ба уҳда дорад, қариб як моҳ боз дар маҳзари умумӣ нест. Дар ин муддат ӯ фақат чанд паёми садоӣ нашр кард ва дар бораи макони будубошаш чизе нагуфт.

Гуфта мешавад, барои таъмини бехатарӣ масъулини Ҷабҳаи муқовимат макони роҳбарашон Аҳмад Масъудро ошкор намекунанд. Бахусус, пас аз кушта шудани Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат, ки гуфта мешавад тавассути мавҷи телефонаш пайгирӣ ва тариқи мушак ҳадаф қарор гирифт.

Гуруҳи “Толибон” рӯзи 6-уми сентябр эълон кард, ки нерӯҳояш Панҷшерро пурра гирифтанд. Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат ба Би-би-сӣ иддао кард, ки дар ҳоли ҳозир “аксар минтақаи Панҷшер дар дасти Ҷабҳаи муқовимат аст”. Ӯ афзуд, “Толибон” танҳо роҳи умумиро дар ихтиёр дорад ва боқӣ нуқтаҳои стратегии Панҷшер дар дасти нерӯҳои Аҳмад Масъуд аст.”

Панҷшер, 15-уми сентябри 2021
Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки то ҳол бо нерӯҳои “Толибон” муқовимат дорад. Нигарониҳо аз вазъи Панҷшер бахусус зиндагии сокинони одии он рӯзҳои охир бештар шудааст. Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат гуфтанд, гуруҳи “Толибон” сокинони Панҷшерро боздошт карда, ба зиндони Каписо мебаранд.

Муҳаммадсолеҳ Регистонӣ, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар як паёми садоӣ гуфтааст, “Толибон” дар Панҷшер хона ба хона гашта, ғайринизомиёнро шиканҷа мекунанд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ карда, пайгири зиндони Каписо шаванд.

Гуруҳи “Толибон” то ҳол ба ин хабарҳо вокуниш накардааст.

Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат дар бораи макони Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раиси ҷумҳури Афғонистон посухи рӯшан надод. Алӣ Майсам Назарӣ гуфт, чанд рӯзи охир аз Амруллоҳ Солеҳ хабар надошт, "вале дафъаи ахире, ки хабар доштем дар дохили Афғонистон буд."

Нерӯҳои "Толибон" дар ноҳияи Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021
Нерӯҳои "Толибон" дар ноҳияи Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Расонаҳои байнулмилалӣ пештар гузориш доданд, ки Амруллоҳ Солеҳ 5-уми сентябр, пас аз шиддат гирифтани даргириҳо дар Панҷшер, ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст. Вале сафорати Афғонистон дар Душанбе хабарҳоро дар бораи фирори Амруллоҳ Солеҳ ба хориҷ ва ҳузури ӯ дар Тоҷикистон рад кард. Солеҳ баъд аз фирори Ашраф Ғанӣ эълон кард, ки бар асоси Қонуни асосӣ иҷрокунанда ё сарпарасти вазифаи президенти Афғонистон аст.

Охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар бораи ташкили гуфтугӯи намояндагони “Толибон” ва тоҷикони Афғонистон дар Душанбе тавофуқ карданд. Санаи ин музокирот ҳанӯз маълум нест ва “Толибон” ба ин хабар вокуниш накардаанд. Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат шаби гузашта гуфт, “барои оғози гуфтугӯҳо эътимод зарур аст ва онҳо феълан ба “Толибон” боварӣ надоранд.”

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG