Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Баҳси шудгор кардани кишти гандум барои кишти маҷбурии пахта аз мавзӯҳои асосии нишасти хабарии вазири кишоварзии Тоҷикистон дар рӯзи 29-уми январ буд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, кори тармиму сохтмони роҳеро аз сар гирифтанд, ки дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон қатъ гардида буд.
Як ҷавон дар Душанбе робот сохтааст ва талош дорад, ки ба он зеҳни сунъӣ насб кунад.
Барфи шадид ва сардиҳои ду рӯзи ахир мушкилоти сокинонро на танҳо дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, балки дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе ҳам зиёд кардааст.
Дар шаҳри Душанбе байни муштариёни як ширкати сохтмонии дигар моҷаро бархостааст. Сабаби даъво ва норизоиятӣ мутаввақиф шудани кор ва ҳам фурӯхтани як хона ба чанд нафар аст.
Дар шаҳри Душанбе байни муштариёни як ширкати сохтмонии дигар моҷаро бархостааст. Сабаби даъво ва норизоиятӣ мутаввақиф шудани кор ва ҳам фурӯхтани як хона ба чанд нафар аст. Харидорони ин хона рӯзи 21-уми январ дар назди бинои ниматамом ҷамъ омаданд ва аз кори ширкати “МФ сохтмон”, шикоят карданд.
Аз рӯзи 26-уми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Давоми се ҳафта вазирон ва дигар мақомдорон дар бораи корашон гузориш дода, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд. Мардум ба вазирон ва раисон чӣ суол доранд?
Мақомоти интизомии Душанбе, зоҳиран дастур гирифтаанд, ки дигар иҷоза надиҳанд, ки мардикорон дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ҷамъ шуда, ба истилоҳи мардумӣ “мардикорбозор” ташкил кунанд.
Сар аз имсол, дар Тоҷикистон ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз баландтар шуд. Порлумони Тоҷикистон охири соли 2025 аз тарҳе ҷонибдорӣ кард, ки бар асоси он ҳаҷми ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз як баробар боло меравад.
Фарқияти харид ва фурӯши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар баъзе бонкҳо 100 долларро 920-922 сомонӣ харида, 937 то 940 сомонӣ мефурӯшанд. Тоҷирон мегӯянд, фарқияти зиёди дар хариду фурӯши доллар ба кори онҳо зарар мерасонад.
Фарқияти харид ва фуруши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар баъзе бонкҳо хариди доллар 920-922 ва фуруши он 937то 940 сомонӣ ҳам ба роҳ монда шудааст.
Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ кор карданд? Суоле, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ бе посух гузоштанд. Аз миёни онҳо танҳо як нафар ҳозир шуд бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад.
Тасмими ҳукумат барои боло бурдани арзиши нерӯи барқ аз 1-уми феврали имсол бархе аз сокинонро нигарон кардааст.
Арзиши нерӯи барқ, ки дар назар аст, аз якуми феврал боло бурда шавад, ба назари баъзе сокинон ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.
Сари ҳар қадам дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон маҳсулоти хориҷиро дидан мумкин аст. Аз хӯрок то либосу дастгоҳҳо. Маҳсулоти сохти Тоҷикистон қариб дида намешаванд. Аз ин вазъ президенти Тоҷикистон ҳам огоҳ будааст.
"Гузаштани кӯдаконро бин. Калонҳо наметавонанд, кӯдакҳо аз куҷо метавонанд? Чӣ аҳвол дар маркази шаҳр." Ин шикояти сокинони кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар пойтахти Тоҷикистон аз вазъи роҳ дар маҳалли зисташон аст.
Ёфтҳои бештар