Бо гузашти ду рӯз аз нопадид шудани навзоде аз як таваллудхонаи бузурги шаҳри Душанбе, мақомоти интизомӣ ҳанӯз ҳеч нишонае аз ӯро наёфтаанд.
Тифли навзод нимашаби 11-уми октябр аз зоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ, муҳимтарин маркази ташхиси тиббӣ ва муолиҷаи модарон ва навзодон дар Тоҷикистон, гум шудааст.
Яке аз хешовандони Мавзуна Акрамова, модари тифл, рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "соати даҳи шаб таваллуд кард. Кӯдакро пешаш бурданд, ҳама хуб гузашт. Нимашаб мехезанд, ки кӯдак нест. Ба хешутабор занг заданд, ки кӯдакро дуздидаанд."
Зоишгощи рақами як дар шаҳри Душанбе
"Милисаҳоро хабардор карданд. Мегӯянд, як зани тануманд кӯдакро бурдааст. Чӣ гуна кӯдакро аз як бинои давлатӣ гирифта бурданд? Табибон гуфтанд, мумкин хешу таборҳои худатон бошанд. Агар хешутабори мо ҳам буданд, шумо чӣ гуна иҷоза додед, ки кӯдакро баранд?" – афзуд ӯ.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад, афзуд, мақомоти интизомӣ ва зоҳиран кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳқиқи ҳодиса машғуланд ва то кунун аз 15 то 20 нафарро бозпурсӣ кардаанд.
Ба қавли ӯ, мақомот аз аъзои хонаводаву хешовандон хостаанд, роҷеъ ба ҳодиса бо расонаҳо суҳбат накунанд.
Яке аз парасторони таваллудхона, ки ҳам бинобар ҳассосияти мавзуъ нахост, номаш бурда шавад, рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Як нафар дар либоси тиббӣ ва бо ниқоб ба тавваллудхона даромада, кӯдаки навзодро бурдааст ва то кунун ӯро наёфтаанд."
"Дар дурбинҳои назоратӣ дидаанд, ки зан кӯдакро гирифта, баромада рафтааст, аммо даромадани ӯро ҳеч кас ба гардан намегирад, ки ба ӯ касе дар ворид шудан ба таваллудхона ёрӣ кардааст ё не," -- гуфт хешованди Мавзуна Акрамова, модари тифл.
Ба навиштаи хабаргузории "Азия-Плюс", ҳодисаро дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон тасдиқ карда, гуфтаанд, "вазъ зери назорат қарор дорад ва баъзе ҳолатҳои ҳодиса муайян шудаанд."
Мавзуна Акрамова, модари тифл, 19-сола ва аз ноҳияи Нуробод аст. Як сол пеш издивоҷ кардааст. Ба қавли яке аз хешовандонаш, азбаски ӯ дар зоишгоҳи ноҳияи Нуробод таваллуд карда наметавонист, ба Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ овардаанд. "Шавҳараш дар пешаш нест. Ӯ бемор аст. Пояш шикастааст, дар Русия аст, ё ҷойи дигар, ростӣ намедонам," – афзуд мусоҳиби мо.
Инро ҳам бинед:
Модари 45-солаи тоҷикро барои дуздии тифли дурӯза зиндонӣ кардандБар асоси қоида, вуруд ба таваллудхонаҳои Тоҷикистон дар соати муайян иҷоза дода мешавад ва аёдати бемор дар нимашаб қатъиян манъ аст.
Мақомоти интизомии Душанбе дар баробари кормандони зоишгоҳ ҳамчунин хешовандони Мавзунаро ҳам бозпурсӣ кардаанд. Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба Раёсати корҳои дохилии Душанбе навиштааст, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, вале ҷузъиёте надодаанд.
Дар Тоҷикистон нопадид шудани навзод аз таваллудхона бисёр кам иттифоқ афтодааст, вале соли 2023 як зани 45-сола аз ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи дуздидани тифли дурӯза аз зоишгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 8 сол зиндон маҳкум карданд.
Муфаттишон баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ тифли навзодро пайдо карданд ва зан ба мақомот гуфтааст, аз тарси онки шавҳараш барои дигар фарзанд наовардан аз ӯ ҷудо мешавад, тифлро дуздид ва ба шавҳари муҳоҷираш ҳамчун фарзанди хеш нишон додааст.