Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандони Фаридаи ноком гуфтанд, "ба адолат расиданд", аммо баъд аз сарсониву саргардонии зиёд


Фарида Шарифова моҳи июли соли 2020 дар бемористон даргузашт
Фарида Шарифова моҳи июли соли 2020 дар бемористон даргузашт

Фарида Шарифоваи 30-сола ва модари се фарзанд ҳангоми таваллуди тифли чаҳорумаш дар зоишгоҳи ноҳияи Файзобод фавтид. Ӯро соати ҳафтуними субҳи 16-уми июли соли 2020 ба таваллудхона бурданд ва пас аз тақрибан якуним соат хабари маргашро шуниданд.

Як марди ҳамсоя, ки духтари ӯ низ ҳангоми таваллуд фавтидааст, ба бародарам мегӯяд, аз ин корҳо даст кашад. Бародарам бисёр ба ғазаб омада, мегӯяд, агар дар вақташ омилони марги духтаратро ба ҷавобгарӣ мекашидӣ, шояд духтари ман қурбон намешуд.
Зубайда Шарифова

Пайвандони Фарида мегӯянд, вай бо хатои пизишкон ҷон бохтааст, чун ҳангоми шустани майит дар баданаш “изи сӯзандору мушоҳида шудаву аз гӯшу даҳону бинияш хун метаровид”. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, дар ин қазия табибон гуноҳ надоранд.

Бо ин ҳол, аз аввал ангушти иттиҳоми пайвандони Фарида Шарифова ба сӯйи Шарқия Мирзоева – момодояи навбатдор дар таваллудхонаи ноҳияи Файзобод равона шуда буд. Шарқия Мирзоева мегӯяд, коре накардааст, ки боис ба марги ин зан шуда бошад, вале 3-юми декабри соли 2020 "бо хоҳиши худ" аз кор рафт. Дар як номаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ гуфта шудааст, ки ӯро бар асоси аризааш аз кор озод карданд.

Пайвандони Фарида Шарифова мегӯянд, “истеъфо”-и Шарқия Мирзоев пас аз панҷ моҳи марги духтарашон онҳоро қонеъ кард ва аз идомаи додхоҳӣ даст кашиданд. Аммо оё расидан то ба ин нуқта барои хонавода осон буд?

Роҳи ноҳамвори адолатҷӯйӣ дар Тоҷикистон

Зубайда Шарифова, аммаи Фарида Шарифова, мегӯяд, аз достони марги бародарзодааш хурду бузурги ноҳияи Файзобод огоҳ аст. Хабари марги ӯ дар таваллудхона бо суръати барқ дар ноҳия паҳн шуд ва ба саҳифаи расонаҳо ҳам роҳ ёфт.

Ҷасади Фарида Шарифоваро рӯзи 16-уми июли соли гузашта бидуни ташхис ва бо шитоб ҳамроҳи тифли 9-моҳааш дафн карданд, аммо шубҳаҳо дар мавриди марги вай бо гузашти ҳар рӯз меафзуд.

Зубайда Шарифова
Зубайда Шарифова

“Рӯзи 17-уми июл ба таваллудхона рафтам. Пурсидам, ки бо Фарида чӣ карданд, ки вай фавтид? Касе посухи дақиқ намедод. Шарқия Мирзоева, момодояи навбатдор, ки Фаридаро қабул карда буд, гуфт, пизишкони “анастезиолог” барои осон таваллуд кардани Фарида ба вай дору гузарониданд. “Анастезиологҳо” гузарондани доруи таскинбахш ва ё ҳар навъ доруи дигарро ба Фарида инкор карданд”, - нақл кард Зубайда Шарифова. Суҳбати мо бо ӯ дар охири моҳи марти имсол анҷом шуд.

Дар рӯзҳои баъдӣ пайвандони Фарида Шарифова аз пизишкони бемористон иттилоъ ёфтаанд, ки Шарқия Мирзоева ба ӯ доруи “окситотсин” додааст, то зудтар таваллуд кунад. Тасдиқи расмии ин иддао вуҷуд надорад. Хонаводаи зан ангезаи ин амалро ба дарёфти подоше рабт медиҳанд, ки ҳангоми таваллуди тифл пайвандони зан ба момодояҳо медиҳанд. Иддаое, ки Шарқия Мирзоева онро рад мекунад.

Пас аз чаҳор рӯзи фавти Фарида Шарифова, падараш Абдураҳим Шарифов аз Додситонии ноҳияи Файзобод хостааст, қабри духтарашро барои ташхис бикушоянд ва омилони марги ӯро ҷазо диҳанд. Додситонии ноҳия барои кушодани қабр ба зудӣ иҷозат надодааст.

Зубайда Шарифова, аммаи Фарида, мегӯяд, баъд аз таъхири Додситонии ноҳия ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Додситонии кулл ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар умум, 12 мактуб навишта, дархост кардаанд, сабабҳои марги духтарашонро мушаххас кунанд.

Номаи Вазорати тандурустӣ дар бораи аз кор озод шудани Шарқия Мирзоева
Номаи Вазорати тандурустӣ дар бораи аз кор озод шудани Шарқия Мирзоева

“Ҳар рӯз мунтазир будем, ки кадом ниҳод посух медиҳад ва ба доди мо мерасад. Бисёр дақиқу рӯшан медонистем, ки бо интизориҳо ва ҳақиқатҷӯиҳо наметавонем, Фаридаро дубора аз гӯр зинда берун орем, аммо расидани ҳақ ба ҳақдорро мехостем”, - гуфт Зубайда Шарифова, дар суҳбате, ки бо ӯ дар охири моҳи марти имсол анҷом додем.

Мусоҳиби мо афзуд, бештар аз ҳар узви дигари хонавода, бародараш Абдураҳим ғусса мехӯрд ва дар фироқи фарзандаш месӯхт “Ҳар рӯз мепурсид - ҷавобе ҳаст, хабаре ҳаст, тасмиме ҳаст? Намедонистам, чӣ посух диҳам. Ӯро бо ваъдаҳои як ҳафтаи дигару ду ҳафтаи дигар сабр кардан ором мекардам.”

Абдураҳим Шарифовро бештар аз ҳар чизи дигар, ба қавли худаш, “озодона гашту гузор кардани Шарқия Мирзоева дар ноҳия ва идомаи фаъолият дар зоишгоҳ” азият медодааст.

“Мактубнависиҳои мо, дархостҳои мо ба инобат гирифта намешуд. Қисме аз мардум моро ташвиқ мекарданд, ки талошамонро идома диҳем, қисми дигар ба насиҳат мепардохтанд, ки фаромӯш кунем. Як марди ҳамсоя, ки духтари ӯ низ ҳангоми таваллуд фавтидааст, ба назди бародарам рафта, мегӯяд, аз ин корҳо даст кашад. Бародарам бисёр ба ғазаб омада, мегӯяд, агар ту дар вақташ омилони марги духтаратро ба ҷавобгарӣ мекашидӣ, шояд духтари ман қурбон намешуд”, - нақл кард Зубайда Шарифова ва афзуд, «аз ҳамон рӯз ҳадафи ҳақталошиҳои мо мушаххастар шуд: пешгирӣ аз қурбониҳои навбатӣ.»

Ташхис даъвои пайвандонро собит накард, момодоя аз кор рафт

Баъд аз 70 рӯзи дафн Додситонии ноҳияи Файзобод ба кушодани қабр ва ташхиси ҷасади Фарида Шарифова рухсат додааст. Зубайда Шарифова мегӯяд, «манзараи кушодани қабр бисёр риққатовар буд. Ҳангоме ки хоки қабр берун оварда шуд, ҳама шоҳид шуданд, тифли батни Фарида дар қабр аз ӯ ҷудо шудааст. Ин ҳолат дар санадҳо сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки пизишкон даъво доранд, ҳамли Фарида вазнин буду барои сабукии зоймон ба ӯ дору гузаронидаанд."

Ташхиси тиббиву додгоҳӣ муайян кардааст, ки Фарида Шарифова “дар натиҷаи иштибоҳи табибон нафавтидааст”.

Ин хулоса бори дигар хонаводаи занро аз расидан ба адолату ҳақиқат ноумед кард, аммо наздикон ва мақомоти маҳаллӣ пинҳонӣ ин хонаводаро ташвиқ мекардаанд, ки талошҳоро идома диҳанд.

Зимнан, Шарқия Мирзоева, момодояе, ки рӯзи 16-уми июли соли 2020 дар шуъбаи зоймони беморхонаи ноҳияи Файзобод навбатдор буд, дар суҳбати телефонӣ гуфт, ташхиси тиббиву додгоҳӣ гунаҳкор будани ӯро исбот накард.

Ӯ гуфт, намедонад, ки Фарида Шарифова аз чӣ фавтидааст, аммо дақиқан на аз иштибоҳӣ вай.

Дар ҳар сурат, рӯзи севуми декабри соли 2020 ба хонаводаи Фарида Шарифова хабар расонидаанд, ки Шарқия Мирзоеваро аз кор дар шуъбаи зоймони Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод озод карданд.

Зубайда Шарифова, аммаи Фарида, мегӯяд, танҳо мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон боис шуд, ки қисман ба доди онҳо расидагӣ шавад. Дастгоҳи иҷроияи президент бо ирсоли номае ба Вазорати тандурустӣ дастур додааст, ки арзи шаҳрванд Абдураҳим Шарифов, сокини ноҳияи Файзобод баррасӣ карда шавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳамин тавр Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод дар асоси номаи Дастгоҳ Шарқия Мирзоеваро водор кардаанд, то аризаи аз кор рафтанро нависад. Хонаводаи Фарида Шарифова мегӯянд, «аз кор рафтани Шарқия Мирзоева чизеро иваз намекунад, вале баёнгари хатокории ӯ дар ин қазия аст.» Чизе, ки Шарқия Мирзоева намепазирад.

Оё ҳақталабӣ ва расидан ба адолат дар Тоҷикистон осон аст? Охирин суоле буд, ки аз Зубайда Шарифова пурсидем. “Осон нест, вале набояд аз кӯфтани дарҳо бо ҳадафи дарёфти адолат хаста шуд”, -- гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG