Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари 45-солаи тоҷикро барои дуздии тифли дурӯза зиндонӣ карданд


Оиша Шарипова ҳангоми додани баёнот дар ҳузури муфаттишон.
Оиша Шарипова ҳангоми додани баёнот дар ҳузури муфаттишон.

Додгоҳи ноҳияи Хуросон як модари тоҷикро омили ҷинояти пурсарусадо ва ё дуздии тифли навзод дар Тоҷикистон дониста бо гуноҳи одамрабоӣ ба зиндон маҳкум кардааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳия, ки Радиои Озодӣ нусхае аз онро рӯзи 15-уми июл дид, Оиша Шариповаи 45-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои рабудани кӯдаки дурӯзаи Рухшона Раҳмонова, сокини ҳамин ноҳия ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳукми додгоҳ моҳи июн содир шудааст ва ҳоло маълум нест, ки гумонбар дар ҷиноят аз он ба додгоҳи болоӣ шикоят кардааст, ё не. Дар ҳукм омадааст: “Шаҳрванд Шарипова О.Т. ба сабаби фарзанддор нашудан, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки пинҳонӣ аз шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ як тифли навзодро рабуда, соҳиби фарзанд шавад.”

Барои ҳамин ба гуфтаи муфаттишон, ӯ шаби 23-уми сентябри соли 2022 вориди ҳуҷраи тифлони навзоди Таваллудхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шуда, тифли навзоди Рухшона Раҳмоноваи 24-соларо рабудааст. Сипас ба шавҳари муҳоҷираш, ки ба ӯ таҳдид кардааст, агар дигар таваллуд накунад, талоқ мегирад, занг зада ва хабар додааст, ки соҳиби фарзанд шуд.

Муфаттишони вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки баъди як ҳафтаи ҷустуҷу ва рӯзи 30-уми сентябр Оиша Шариповаро боздошт ва тифли навзодро пайдо кардаанд, мегӯянд, гумонбар дар ҷиноят зимни баёноташ гуфтааст, аз тарси онки шавҳараш барои дигар фарзанд наовардан аз ӯ ҷудо мешавад, ба коре даст зад, ки “худаш ба он бовар намекунад.”

Дар яке аз барномаҳои телевизионии вазорати умури дохилии Тоҷикистон Оиша Шарипова, ки маъюсу ғамгин ба назар мерасад, ба муфаттишон сабаби рабудани тифли навзодро чунин шарҳ медиҳад: “Моҳи январ буд, шавҳарам Русия мерафт, гуфт, ки агар кӯдакдор нашавӣ ҳамроҳат зиндагӣ намекунам. Вай рафт, ман гуфтам ҳомиладорам, баъд дар шикамам ҳарчӣ баста мегаштам. Ба таваллудхона омадам, ки он қадар одами зиёд набуд, баъд гирифтамаш. Ҳоло боварам намеояд. “

Ба қавли додгоҳ, азбаски Оиша Шарипова бо бастани матоъ ба шикамаш худро обистан ва ё ҳомила вонамуд мекардааст, атрофиён ба ҳарфи ӯ бовар кардаанд, ки дар воқеъ тифли оварда аз худи ӯст. Дар ҳукми додгоҳ аз ҷумла омадааст: “Моҳи феврали соли 2022 тавассути телефони мобилӣ ба шавҳараш оид ба ҳомиладор шуданаш хабари бардурӯғ дода, минбаъд муддати 9 моҳ дар зери либосаш латтаю ҳаргуна матоъ баста, худро барои атрофиён ҳамчун ҳомиладор вонамуд кардааст.”

Бефарзандӣ дар Тоҷикистон як омили ҷудоии хонаводаҳо ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди онки Оиша Шарипова соҳиби як фарзанд будааст, ба гуфтаи худаш шавҳараш мехостааст, ки боз бача ба дунё биёрад ва ӯ аз тарси талоқу танҳо мондан ба ин ҷинояти сахт даст задааст. Ҳоло маълум нест, шавҳари Оиша Шарипова дар додгоҳ ҳузур доштааст ё не?

Хабари ин кӯдакрабоӣ дар моҳи сентябри соли 2022 дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбук ва Инстаграмм баҳси зиёдеро барангехт ва дар ин миён чандин нафар шавҳари Оиша Шариповаро накуҳиш ва танқид кардаанд, ки ҳамсарашро ба ин ҷиноят водор сохтааст.

Яке гуфтааст, “Занро бояд ҷарима ва шавҳарашро зиндонӣ кунанд. Дигар навиштааст: “Илтимос мақомот, ҳамин шавҳарро ба ҷавобгарӣ кашед. Як фарзанд доштай шукрона кун. Ба зан зулм карда, ба ин кор водор кардӣ! Чанд корбари дигар, ки аксарият ҳам занонанд, навиштаанд, "Беҳтар мебуд аз чунин шавҳари беақл ҷудо мешуд ва ин хел корро намекард."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG