Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани тоҷикро бо гуноҳи кӯдакрабоӣ зиндонӣ карданд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳуним сол зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон 3-юми март дар баёнияи расмӣ гуфт, Нигора Аҳмедова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар шифохонаи рақами 13-и Душанбе аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи Манзура Назароваро гирифта, ба хонааш оварда ва ба хешовандонаш гуфтааст, тифли навзод аз худи ӯст.

Ба қавли додситонӣ, ӯ акси тифлро ҳам гирифта, тавассути телефон ба шавҳари муҳоҷираш дар Русия фиристодааст.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 20-уми январи имсол содир шудааст.

Ҳодисаи мазкур рӯзи 30-юми ноябри соли 2021 рух дод ва сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Дуздидани тифл дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст ва умдатан ҷуфтҳое, ки фарзанд надоранд, аз ҳам ҷудо мешаванд. Як сабаби рафтори Нигора Аҳмедоваро тарс аз ҷудоӣ медонанд. Назари вакили дифои маҳкумшуда маълум нест.

XS
SM
MD
LG