Тарс ва умеди эрониҳо дар миёни ҳамлаҳои Исроилу Амрико

Биноҳои вайроншуда дар наздикии майдони Фирдавсӣ дар Теҳрон. 3-юми марти соли 2026

Пас аз хурсандӣ аз марги Алӣ Хоманаӣ, раҳбари худкома, ки қариб 40 сол кишварро бо мушти оҳанин идора мекард, бисёре аз эрониҳо акнун нигаронанд, ки давоми кор чӣ мешавад.

Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бомбаборони густардаи Эронро, ки гуфтаанд, ҳадафаш нобудии ҳокимони рӯҳонии ин кишвар аст, идома медиҳанд, эрониҳоро тарс ва умед дар панҷаи худ гирифтааст.

Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ аз 28-уми феврал ба ин сӯ аксари раҳбарият, аз ҷумла раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ кушта шуд. Вале ҳамчунин дар натиҷаи онҳо, тибқи иттилои созмонҳои мададрасони маҳаллӣ, садҳо нафари осоишта кушта ва мактабу беморхонаҳо валангор гаштанд.

"Мо аз хабари марги Хоманаӣ хушҳол будем,” -- гуфт як марди 56-сола аз Теҳрон ба Радиои Фардо, ки бо андешаҳои амниятӣ шарт гузошт, номаш ифшо нашавад. “Аммо ҳоло ин бомбаборонҳои шадид маро нигарон мекунанд. Эрон набояд нобуд ва пароканда шавад. Умедворам, ки оянда рӯшан аст."

Теҳрон, 3-юми марти 2026

Марги Хоманаиро, ки раҳбари худкома буда, наздики 40 сол Эронро бо мушти оҳанин идора кард, баъзе аз сокинон дар хиёбонҳои Эрон ҷашн гирифтанд. Вале зеҳни бисёриҳо зуд ба он равона гашт, ки баъдаш чӣ хоҳад шуд.

Ҳамлаи якҷояи ҳавоии Амрико ва Исроил ба Эрон умри низоми исломиро зери хатар гузоштааст. Бархе ҳарос доранд, ки агар Ҷумҳурии Исломӣ фурӯ пошад, Эрон бо аҳолии наздик ба 90 миллион ва халқу қавмиятҳои гуногун, мисли кишварҳои ҳамсояаш, Ироқу Афғонистон, ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳарҷумарҷ гирифтор мешавад.

"Бомбаборонҳо даҳшатноканд ва мо мешунавем, ки онҳо (ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил) ба маҳаллаҳои истиқоматӣ зарба мезананд," -- гуфт як модари 49-сола аз Теҳрон ба Радиои Фардо. "Мо шабона хоб карда наметавонем ва яке аз сагҳоям аз тарс дар ҳаммом пинҳон мешавад," -- илова кард вай.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Марк Тиссен: Нерӯҳои заминӣ мардуми Эрон ҳастанд

Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз сокинони Эрон даъват карданд, ки ба по хезанд ва "ҳукуматашонро ба даст гиранд". Аммо дар хиёбонҳои калонтарин шаҳрҳои Эрон нишонае аз хезиш нест, кӯчаҳо холию сокитанд ва аз тарафи низомиёни Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нерӯҳои гурӯҳи ниманизомии “Басиҷ” посбонӣ мешаванд.

Моҳи январи имсол ҳукуматдорон эътирозҳои оммавиро бераҳмона саркӯб ва ҳазорон нафарро куштанд. Ин бузургтарин таҳдид ба ҳукумат дар даҳсолаҳо буд.

Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба бомбаборони ниҳодҳои амниятӣ ва давлатӣ идома медиҳанд, дар Теҳрон, шаҳре бо 10 миллион аҳолӣ, бисёриҳо аз хона намебароянд

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон хабар додааст, ки аз оғози ҳамлаҳо то рӯзи 3-юми март кушта шудани 787 нафарро сабт кардаанд. Созмони “Фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон”, ки қароргоҳаш дар Амрико аст, гузориш дод, ки 742 сокини мулкӣ, аз ҷумла 176 кӯдак ҷон бохтаанд.

Як зани 27-сола дар Теҳрон гуфт, ки “бисёриҳо интизори шунидани хабари марги Хоманаӣ буданд, вале садои таркишу ҷон бохтани кӯдакон мардумро ғамзада кардааст”.