Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратегияи ҷангии Эрон: Афзоиши хароҷоти даргирӣ барои даст ёфтан ба оташбаси ниҳоӣ

Як минтақаи саноатии Давҳа, пойтахти Қатар, ки бар асоси гузоришҳо аз сӯи Эрон ҳадаф қарор гирифт. 1-уми марти соли 2026
Як минтақаи саноатии Давҳа, пойтахти Қатар, ки бар асоси гузоришҳо аз сӯи Эрон ҳадаф қарор гирифт. 1-уми марти соли 2026

Дар ҳоле ки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ҷангро ба роҳ андохтаанд, ба гуфтаи коршиносон, Теҳрон дар талош аст, ки домани даргириро густариш диҳад ва хароҷотро барои Вашингтон афзоиш диҳад, то дар ниҳоят онро ба қабули оташбас водор кунад.

Эрон аз 28-уми феврал садҳо мушак ва паҳподро ба самти пойгоҳҳои низомии Амрико ва ҳамчунин таъсисоти муҳими энержӣ ва тиҷоратӣ дар Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн ва Қатар, ки ҳама ҳампаймонҳои Амрико ҳастанд, партоб кардааст.

Ҳамидризо Азизӣ, пажӯҳишгари Муассисаи умури байнулмилалӣ ва амниятии Олмон, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ҳадаф ин аст, ки ба таври мустақим ва ҳам ғайримустақим хароҷотро барои Амрико афзоиш диҳад, то Вашингтон қонеъ шавад, ки дар ин ҷанг наметавонад пирӯз шавад".

Азизӣ афзуд, "Теҳрон мехоҳад нишон диҳад, ин ҷанге нест, ки Амрико битавонад дар он баранда шавад ва бинобар ин, бояд ҳарчӣ зудтар ба он поён диҳад".

АЗ ПАЙОМАДҲО ТО БАҚО

Эрон дар давраҳои пешини таниш низ пойгоҳҳои низомии Амрико ва манофеи тиҷории онро дар минтақа ҳадаф қарор дода буд. Аз ҷумла, дар моҳи июни соли 2025 дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи Теҳрон бо Исроил ва Амрико.

Ба гуфтаи коршиносон, вазъияти низомии кунунии Эрон ба таври бунёдӣ дигар аст, ба вижа пас аз онки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанд мақоми калидии амниятии он кишвар дар 28-уми феврал дар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шуданд.

Ҳамидризо Азизӣ, пажӯҳишгари Муассисаи байнулмилалӣ ва амниятии Олмон мегӯяд, "ба назар мерасад Эрон рӯи ҳассосияти ҳукумати Амрико ва муттаҳидонаш дар саросари ҷаҳон нисбат ба афзоиши қимати энержӣ ҳисоб боз кардааст. Ин фақат фишори минтақаӣ нест, балки афзудани фишори бештар бар бозори ҷаҳонӣ аст, ки ҳанӯз аз пайомадҳои ҷанги Украина раҳоӣ наёфтааст".

Тақрибан аз панҷ як ҳиссаи нафти ҷаҳон аз гузаргоҳи Ҳурмуз мегузарад. Ин оброҳа Халиҷи Форсро ба обҳои озод васл мекунад. Эрон пеш аз ин низ ба бастани ин масир фикр карда буд. Чорае, ки метавонад ҷараёни ҷаҳонии нафтро ба шиддат халалдор кунад.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 1-уми март дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" тасдиқ кард, ки ҳамсоягони араби Эрон "хушҳол нестанд", аммо аз онҳо хост, то ба гуфтаи ӯ, "дарк кунанд", ки Амрико ва Исроил оғозгари ин ҷанг будаанд. Вай афзуд, "онҳо (кишварҳои Халиҷ) набояд бар мо фишор биёваранд, ки ин ҷангро бас кунем, балки бояд тарафи муқобилро зери фишор қарор диҳанд".

ТАҲДИДҲОИ "БЕҲУДАИ ВАҚТГУЗАРОНӢ"

Фарзин Надимӣ, коршинос дар Муассисаи умури дифоии Вашингтон, мегӯяд, "Эрон аз нокомиҳои гузашта дарс гирифтааст. Акнун пешрафтатарин силоҳҳои худ, аз ҷумла мушакҳои баллистикии "Фаттоҳ-2" ва "Хайбаршикан"-ро ба кор мегирад, то низомҳои пешрафтаи дифои ҳавоии сохти Ғарбро, ки тавассути муттаҳидони Амрико дар минтақа ҷобаҷо шудаанд, аз по дароварад".

Надимӣ гуфт, "ҳадаф ин аст, ки падофанди ҳавоӣ ва ҳамчунон афроди мулкӣ, ки дар паноҳгоҳҳо ҳастанд, ба таври доимӣ таҳти фишор қарор дошта бошанд". Вай афзуд, Эрон суръати собите аз партоби ҳудуди 25 мушаки баллистикӣ дар ҳар соатро ҳифз кардааст, суръате, ки ба таври ҳисобшуда барои холӣ сохтани захираҳои мушакҳои раҳгир ё пешгирикунанда тарроҳӣ шудааст.

Дар ҷараёни танҳо чанд рӯз мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ дар зумраи дигар аҳдоф, як корхонаи калонии газ дар Қатар, як полоишгоҳи нафт дар Арабистони Саудӣ, як пойгоҳи амрикоӣ дар Кувайт ва як фурудгоҳи калони ҳавоӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабро мавриди ҳамла қарор доданд.

Дар муқобил, Амрико ва Исроил низ посух додаанд.

Фарзин Надимӣ, коршинос дар Муассисаи умури дифоии Вашингтон, мегӯяд, "ҳавопаймоҳои сӯхтбари нерӯҳои ҳавоии Амрико пуштибонии лозимро фароҳам мекунанд, то ҷангандаҳои исроилӣ битавонанд барои муддати дарозтаре бар фарози минтақаҳои мавриди ҳадафи худ (Эрон) бимонанд. Агар онҳо битавонанд ин ҳавопаймоҳоро бо муҳиммоти вазнинтар дар ҳаво нигаҳ доранд, метавонанд системаҳои партоби мушаки Эронро ба таври доимӣ аз ҳалқаи фаъолият хориҷ кунанд".

"БАҚО ДАР ХАТАР АСТ"

Озмуни аслӣ барои Вашингтон ин аст, ки оё қудрати ҳавоияш метавонад Теҳронро дарҳам бишканад, пеш аз онки пайомадҳои иқтисодӣ иродаи муттаҳидонашро аз байн бибарад.

Тибқи гузоришҳо, пойтахтҳои кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки замоне пуштибони пурсару садои пешгирӣ аз нуфузи Эрон буданд, акнун бо нигаронии бештар рӯбарӯ ҳастанд, зеро системаи дифои ҳавоии "Патриот" ва Aegis, ки аз сӯи Амрико ба онҳо дода шудааст, таҳти фишори шадид қарор гирифтаанд.

Фарзин Надимӣ ҳушдор додааст, "кӯр сохтани яке аз ин чашмҳо" (радарҳо), метавонад короии ҳама шабакаи дифои мушакии минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад".

Ҳамидризо Азизӣ, пажӯҳишгари Муассисаи умури байналмилалӣ ва амниятии Олмон, мегӯяд, "вақте ҳукуматҳо эҳсос кунанд, ки монданашон дар хатар аст, мумкин аст ба иқдомоти ифротӣ даст бизананд, ки комилан бо ҳисобҳои оқилона мувофиқат надошта бошад. Тасмимгирӣ бар меҳвари бақо мутамаркиз мешавад ва ин ҳамон чорчӯбе аст, ки бояд ин ҷанги вайронгар дар он дарк шавад".

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG