Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сафорати Амрико дар Риёз. ИМА аз шаҳрвандонаш хост, Ховари Миёнаро тарк кунанд

Яке аз полоишгоҳҳои нафтӣ дар Арабистони Саудӣ, ки мавриди ҳамлаи паҳподии Эрон қарор гирифт. 2-юми марти соли 2026
Яке аз полоишгоҳҳои нафтӣ дар Арабистони Саудӣ, ки мавриди ҳамлаи паҳподии Эрон қарор гирифт. 2-юми марти соли 2026

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ эълон кард, ки бинои сафорати Амрико дар Риёз ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифтааст. Тибқи хабарҳо, ин ҳамла боис ба сӯхтор ва хисороти моддӣ шуд.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-Пресс", шоҳидон аз ҳузури мошинҳои оташнишонӣ, дуд ва шунидани таркишҳои сахт дар минтақаи дипломатнишини пойтахти Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Як манбаи наздик ба артиши Арабистони Саудӣ низ гуфт, система ё низоми дифои ҳавоии ин кишвар чаҳор паҳподро, ки ин минтақаро ҳадаф қарор дода буданд, раҳгирӣ кард.

Дар пайи ин ҳамла, сафорати Амрико ба коркунони худ дар Риёз, Ҷидда ва Заҳрон дастури "паноҳ дар маҳал" дод ва сафарҳои ғайризарурӣ ба таъсисоти низомӣ дар минтақаро маҳдуд кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, таҳдид кард, навъи посухи интиқомҷӯёнаи Вашингтонро ба ҳамла ба сафорати Амрико дар Риёз ва кушта шудани низомиёни амрикоӣ дар ҷараёни даргирӣ бо Эрон "ба зудӣ хоҳед дид".

Як хабарнигори NewsNation рӯзи 3-юми март хабар дод, ки Трамп ин матлабро дар гуфтугӯ бо ин шабакаи телевизионии амрикоӣ баён кардааст. Бино ба ин гузориш, раисҷумҳури Амрико дар ин гуфтугӯ ҳамчунин гуфтааст, ки фикр намекунад фиристодани сарбозони амрикоӣ ба хоки Эрон зарурӣ бошад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз шаҳрвандони ин кишвар дар 14 кишвари Ховари Миёна, аз ҷумла Эрон ва Исроил хост, ҳамин ҳоло "фавран" минтақаро ро тарк кунанд. Ин ҳушдор пас аз он содир шуд, ки раисҷумҳури Амрико дар бораи ҳамлаҳои Эрон ҳушдор дод.

Мура Номдор, муовини вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури консулӣ, дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, "Вазорати корҳои хориҷӣ аз амрикоиҳо мехоҳад бинобар хатарҳои нави ҷиддии амниятӣ, бо истифода аз парвозҳои тиҷории мавҷуд, фавран кишварҳои зерро тарк кунанд ва феҳрасти 14 кишвар бо шумули Эронро нашр кард.

Амрико ҳоло аз шаҳрвандони худ хостааст, аз роҳҳои тиҷоратӣ берун шаванд, ҳарчанд парвозҳо дар бахшҳои зиёде аз минтақа ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин ҳушдор, номи Миср, сераҳолитарин кишвари минтақа низ омадааст. Ҳамчунин ҳамаи кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс дар ин рӯйхат қарор доранд.

Амрико аз шаҳрвандони худ хостааст, Исроил ва сарзаминҳои фаластинӣ ва низ Ироқ, Урдун, Лубнон ва Сурияро тарк кунанд.

Ҳамла ба сафорати Амрико дар Риёз дар чорчӯби амалиёти интиқомҷӯёнаи Эрон пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил сурат гирифааст, ки бандарҳо, фурудгоҳҳо, биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс дар бар гирифтааст.

Дар Кувайт низ гузориш шуд, ки рӯзи 2-юми март сафорати Амрико бар асари бархӯрди чанд паҳпод осеб дидааст. Расонаҳо гузориш доданд, ки рӯзи 2-юми март Эрон ба консулгарии Амрико дар Арбил, маркази Курдистони Ироқ ҳамлаҳои паҳподӣ анҷом додааст.

Дар рӯзи дувуми ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон ва эълони кушта шудани раҳбари олии Ҷумҳурии исломӣ Алии Хоманаӣ дар ин ҳамлаҳо, эътирозгарони хашмгин ба бинои Консулгарии Амрико дар шаҳри Карочии Покистон ҳамла карданд ва дару шишаҳои онро шикастанд.

Тазоҳургарони хашмгин ҳамчунин дар Бағдод ва Исломобод талош карданд, ки худро ба бинои сафоратҳои Амрико бирасонанд, аммо бо муқобилияти нерӯҳои амниятӣ рӯ ба рӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG