Кабирӣ, писараш ва Гулмурод Ҳалимов... Рӯйхати навшудаи Бонки миллӣ

Муҳиддин Кабирӣ ва писараш Рӯҳулло Тиллозода

Бонки миллии Тоҷикистон дар феҳрасти нави "шахсони алоқаманд ба терроризм" номи беш аз 2500 нафарро ҷой дода, ҳамагуна додугирифти пулиро бо онҳо манъ кардааст. Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми июл бо феҳраст ошно шуд. Бонки миллӣ онро дар моҳи июни имсол нав кардааст.

Исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва писараш, Рӯҳулло Тиллозода, дар рӯйхат ҳаст. Ному насаби баъзе аз наздикони ӯ ва фаъолони ҳизб дар хориҷ аз кишвар аз рӯйхат бардошта шудаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, куштор, исёни мусаллаҳона ва ҷиноятҳои дигар айбдор медонанд ва дар як муҳокимаи ғоибона ӯро ба зиндон маҳкум кардаанд. Чизе, ки худаш ва тарафдоронаш намепазиранд ва онро бештар тасмими сиёсӣ медонанд.

Дар феҳрасти нави Бонки Миллӣ шахсоне, ки бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" гумонзад ҳастанд, низ боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, дар ин феҳраст номи Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги пешини Вазорати корҳои дохилиро дидан мумкин аст, ки бо ДОИШ пайваста буд.

Гулмурод Ҳалимов

Аз соли 2017 ба ин сӯ дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузориш нашр шуд. Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ соли 2025 гуфта буд, ки дар бораи зинда будани Гулмурод Ҳалимов маълумоти дақиқ дар даст надоранд.

Ба фарқ аз рӯйхатҳои пешина, дар феҳрасти нави Бонки миллӣ номи аксар фаъолони мухолифин ва рӯзноманигорони мунтақиди ҳукумат дар хориҷа, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин – раиси Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистон, Шарофиддин Гадоев – раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва аксар фаъолони "Гурӯҳи 24" дида намешавад. Ҳарчанд дар рӯйхатҳои дигар дидан мумкин аст, ки ин афрод ҳанӯз дар пайгард ҳастанд.

Хулосаи гузоришро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Рӯйхати сиёҳ"-и Бонки миллӣ хурдтар шуд, вале Кабириву писараш аз он берун нашудаанд

Феҳрасти "шахсони алоқаманд бо терроризм"-ро Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллӣ нашр кардааст, ки бо FATF ё созмони байнулмилалии мубориза бо шустушӯи пул ҳамкорӣ дорад. Ин рӯйхат ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви ин созмон дастрас хоҳад буд.

Бинои қаблии Бонки миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар эъломияе аз 12-уми июн гуфтааст, ҳамчун мақоми ваколатдор барои “муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм…” вазифадор аст, рӯйхати "шахсони алоқаманд бо терроризм"-ро дар вебсайти худ ҷойгир кунад. Ин ниҳод гуфтааст, рӯйхат аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тартиб ва пешниҳод карда шудааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро танқид карда буданд, ки мухолифони сиёсиашро дар хориҷа аз ҳар роҳ, аз ҷумла ба воситаи “Интерпол” ё пулиси байнулмилалӣ ҷустуҷӯ, дастгир ва ин созмонро бо ҳадафҳои сиёсӣ истифода мекунад. Пас аз танқидҳо, “Интерпол” ҳам исми аксар чеҳраҳои мухолифинро аз саҳифааш пок карда буд.